Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии як шаҳрванди Тоҷикистон аз Гуантанамо


Ҳумоюн

Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз раҳоии се боздоштшуда аз маҳбаси Гуантанамо ва интиқоли онҳо ба ватанашон хабар дод, ки як нафари онҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ин чаҳорумин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки аз Гуантанамо озод мешавад. Қаблан, аз ин зиндон, ки дар пойгоҳи низомии Амрико дар Куба ҷойгир аст, се шаҳрванди дигари Тоҷикистон раҳо шуда буданд. Дафтари иттилооти байналмилалии вазорати умури хориҷаи Амрико аз қавли Пентагон навиштааст, як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Яман аз зиндони Гуантанамо озод ва ба мақомоти кишварашон супурда шудаанд. Тафтишот нишон додааст, ки ин ду шаҳрванд дигар аз ҷониби Амрико ҳамчун душман ва афроди хатарзо маҳсуб намегарданд. Нафари саввум ба Ирон мунтақил шудааст ва аз мақоми расмии ӯ чизе гуфта намешавад. Пентагон гуфтааст, акнун, теъдоди афроде, ки аз Гуантанамо раҳо шудаанд ба 245 нафар расид ва 174 нафари онҳо озод шудаанд ва 68 нафари дигар ба кишварҳояшон интиқол гардидаанд. Дар Гуантанамо ҳамакнун, тақрибан 505 боздоштшудаи дигар қарор дорад.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG