Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳурот дар вилояти Самарқанд


Як гурӯҳ сокинони ноҳияи Самарқанд ба нишони эътироз даст ба гирдиҳамоии оммавӣ задаанд. Гуфта мешавад, ҳукумат аз онҳо тақозо кардааст, ки ба ҷойи дигар бикӯчанд, зеро дар ҷои манзили онҳо роҳи ҳалқавии шаҳр бунёд хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳаққи манзили онҳо пардохт нашудааст ва боз маълум нест, ки аъзои ин хонаводаҳо дар куҷо ба сар хоҳанд бурд. Бинобар ин тазоҳургарон аз мақомоти вилояти Самарқанд талаб карданд, ки ба поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо хотима диҳад.

Як сокини ноҳияи Самарқанд, ки аз зикри номаш худдорй кард, тавассути телефон ба бахши тоҷикии Радиои Озодй гуфт, дар ин тазоҳурот занону кӯдакон низ ширкат карданд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо раиси кумитаи созмони мустақили ҳуқуқи башар дар вилояти Самарқанд профессор Ҷамол Мирсаидов мавриди латту кӯби кормандони умури интизомӣ қарор гирифт.

Ба гуфтаи ӯ ҳамчунин сарнавишти ду аъзои созмони ҳуқуқи башар, ки аз ҷониби кормандони идораҳои ҳуқуқ ва тартибот боздошт шуда буданд, ҳануз маълум нест. Аммо профессор Ҷамол Мирсаидов, ки қабл аз ин тазоҳурот ба бюрои тошкандии Радиои Озодӣ омада буд, гуфт, тибқи қоида қабл аз он, ки ҳукумат ба вайрон кардани манзили одамон шурӯъ кунад, бояд онҳоро огаҳ намояд, ки ба кадом минақаи шаҳр кӯчонида хоҳанд шуд. Мақомоти вилояти Самарқанд аз вокуниш ба ин мавзӯъ худдорй карданд.

Мусоҳиба бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тошканд доир ба ин тазоҳурот

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG