Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Маскав


Анвар Бобоев - раиси Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон, ки ба манзури ширкат дар ҷаласаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Маскав ба сар мебарад, ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик чун даҳ сол пеш сабти иқомат аст ва дар нишаст ин мавзӯъ дигарбора мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Ба гуфтаи вай, шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷа андаке беш аз 380 ҳазор нафар аст ва беш аз 90 фисади онҳо дар Русия кор мекунанд.
Анвар Бобоев ҳамчунин гуфт, ки барои расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия 12 намояндагии вазорати кори Тоҷикистон ташкил ёфтааст, вале ҳалли ниҳоии мушкилоти муҳоҷирон ба пиёдасозии созишномаи танзими муҳоҷират байни Тоҷикистону Русия бастагӣ дорад, ки тирамоҳи соли гузашта имзо шуд.
Дар ҳамин ҳол Ҳасанхел Умархел, корманди бахши равобити хориҷии вазорати умури дохилаи Афғонистон, набудани ҷойи кор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва печидагии қонунҳои муҳоҷиратӣ дар Ғарбро умдатарин мушкил хонд. Ба эътиқоди вай, ин маҳдудият паноҳҷӯёнро ба пинҳонкорӣ маҷбур месозад ва қочоқи одаму маводи мухаддир низ аз ҳамин маншаъ мегирад.
Дар маросими ифтитоҳи мушовараи муштарак дар мавзӯъи муҳоҷират Чарлз Ҳарнс, раҳбари ҳамкориҳои фаннии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират гуфт, муҳоҷират дар қарни 21 аз муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ хоҳад шуд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG