Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси донишгоҳи давлатии Данғара


Рӯзи якуми сентябр дар ноҳияи Данғара бахшҳои боз ду донишгоҳи Тоҷикистон дарҳои худро барои беш аз шашсад муҳассил боз мекунанд. Ахиран, ҳукумати Тоҷикистон бо як қарори худ дар ноҳияи Данғара бахшҳои донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ва донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро таъсис дод. Рӯзи 20 август аллакай имтиҳоноти қабул дар ин ду бахш оғоз гардид. Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, тасмими таълими улуми кишоварзӣ ва забонҳои англисиву русӣ дар ин ноҳияи вилояти Хатлон бо назардошти ниёзмандиҳо ба мутахассисҳои кишоварзӣ ва забон гирифта шудааст.

Фарҳод Раҳимов, ноиби вазири маориф мегӯяд, донишгоҳи давлатии Данғара - ин аввалин донишгоҳе дар ин ноҳия аст, ки имкони қабули довталабон аз кулли вилоятро дорад. Фарҳод Раҳимов мегӯяд, донишгоҳ аз лиҳози фаннӣ муҷаҳҳаз шудааст ва ҳам барои донишҷӯён аз навоҳии дигар хобгоҳ дорад.

Бар ин илова, вазорати маорифи Тоҷикистон соли равон чанд бахши донишгоҳҳои дигарро дар манотиқи дигари кишвар низ боз намудааст. Аз ҷумла, омӯзишгоҳ ва бахшҳои донишгоҳи омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраев низ дар бархе аз навоҳӣ аз имсол ба фаъолият шурӯъ кардааст. Бино бар иттилоъи ҷаноби Раҳимов, имрӯз Тоҷикистон ба 240 тахассус ниёз дорад, аммо дар макотиби олии кишвар таълими танҳо 147 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Вазорати маорифи Тоҷикистон дар назар доштааст, ки аз рӯи тахассусоти зарурии дигар низ бахшҳои омӯзишӣ дар донишгоҳҳо таъсис диҳад.

Феълан, дар кишвар 38 донишгоҳи олӣ ва 51 омӯзишгоҳ фаъолият дорад ва онҳо ҳудуди 150 ҳазор нафар бо таҳсил фаро гирифта шудааст. Ва аммо сар аз мавсими нави таҳсил ба ин теъдод ҳудуди 10 ҳазор нафари дигар илова хоҳад гардид.
Зарангези Наврӯзшоҳ, Душанбе
XS
SM
MD
LG