Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши СММ доир ба бекории ҷавонони ҷаҳон


Кофи Аннон, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши тозаи ин созмон оид ба вазъи бекорӣ дар миёни ҷавонони саросари олам мегӯяд, мизони баланди бекорӣ на танҳо ба афзоиши нигарониҳои иҷтимоӣ сабаб мешавад, балки дар оянда метавонад, мушкилоти бисёри иқтисодиву сиёсӣ низ биофарад. Гузориши СММ, ки бар асоси омӯзиши вазъи 39 давлати ҷаҳон, бо шумули Русияву Озарбойҷон ва Покистон таҳия шудааст, ҳокист, ки дар айни замон ҷавонон 47 дар сади кулли бекорони ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ дар саросари ҷаҳон 187 миллион фарди бекор ба қайд гирифта шудааст.

Кофи Аннон мегӯяд, баъди тасвиб ва роҳандозии Барномаи рушди ҳазора, ки то соли 2015 пуштибониву кӯмак ба давлатҳои нодортарини ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро дар назар мегирад, ҳукуматҳои ин кишварҳо бояд талош намоянд, то дастрасии ҷавонони кишварашонро ба сарват ва корҳои судманд таъмин намоянд.

Сатҳи бекорӣ дар миёни ҷавонони Тоҷикистон чанд фоиз аст? Ин ҷумларо клик кунед ва посухи коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ Рустам Бобоҷоновро бишнавед.

Феълан ҳукумати Тоҷикистон бо пуштибонии Бонки Ҷаҳонӣ бо роҳандозии барномаи мубориза бо фақр машғул аст. Дар паҳлӯи он, Барномаи рушди ҳазора ва ё тарҳи кӯмак ба ҳукумати Тоҷикистон то соли 2015 амал мекунад, ки дар назар мегирад, вазъи риштаҳои беҳдошту таъмини об, кишоварзӣ, дастрасӣ ба таҳсилу баробарии ҷинсиро дар Тоҷикистон беҳбуд бахшад. Барои иҷрои ин нақшаҳо Тоҷикистон ба тақрибан 15 миллиард доллар ниёз дорад.
Дар ин замина, Бобохон Исмоилов, мудири лоиҳаи кӯмак ба ҳукумати Тоҷикистон барои таҳияи стратегияи миллии рушд то соли 2015 изҳори умед мекунад, ки дар сурати расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазора, масъалаи бекории ҷавонон низ ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Мусоҳиба бо Бобохон Исмоилов

Рустам Бобоҷонов, иқтисодшиноси Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, воқеан хатари бекории ҷавонони тоҷик дар оянда метавонад, ба чолишҳои иқтисодиву сиёсӣ оварад.
Андешаҳои Рустам Бобоҷонов

Рустам Бобоҷонов мегӯяд, бархе таҳқиқоти созмонҳои байналмилалӣ собит мекунанд, ки бекории ҷавонони тоҷик, муҳоҷирати кории онҳо ба Русия ба хотири дарёфти шуғл аз мушкилоти сахттарини ҷомеаи Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG