Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи барчидани минаҳо дар Тоҷикистон


Рашт

Росс Скот - роҳбари як гурӯҳи Бунёди рушди Швейтсария ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар соли равон 298 минаи зиддинафар, як минаи зиддитанкӣ ва беш аз чаҳор ҳазор адад дигар навъи силоҳҳои тарканда дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон кашф ва безарар карда шуд. Дар кори безараргардони минаҳо панҷ муҳаққиқи хориҷӣ ва яксаду чил нафар сарбозони тоҷик ширкат доштанд.
Росс Скот афзуд поккории минаҳо дар майдони 28 ҳазор метри мураббаъ сурат гирифта ва ҳамчунин дар 108 деҳа тадқиқоти техникӣ анҷом ёфтааст.
Мусоҳиби мо ҳамчунин афзуд, феълан барчидани минаҳо дар деҳоти Шул ва Чорчароғи ноҳияи Рашт ва Лулиқарси ноҳияи Тавилдара ва ноҳияи Ванҷи Бадахшон идома дорад. Росс Скот гуфт, амалиёти барчидани минаҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон то расидани фасли сармо ва рехтани барфи нахустин идома мекунад.
Минаҳо мероси ғамбори ҷангҳои дохилии Тоҷикистон аст, ки аз худ даҳҳову куштаву маълулро бар ҷой гузоштааст. Бунёди рушди Швейтсария бо Маркази поккории минаҳо дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва ин марказ мегӯяд, барои барчидани тамоми минаҳо аз қаламрави Тоҷикистон ба 14 миллион доллар ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG