Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аждаҳои чинӣ" дар Душанбе


Нашрияи "Бизнесмен" дар шумораи тозанашри худ як матлаберо ба фаьолияти оҷонсии байналмиллали рушди Амрико дар Тоҷикистон ихтисос додааст. Дар ин матлаб, Питер Арго, раҳбари оҷонсии мазкур дар Тоҷикистон гуфтааст, USAID зарфи 11 соли фаъолияти худ барои таьмини рушди иқтисодиву таьсиси ниҳодҳои демократӣ ва анҷоми ислоҳот дар бахшҳои иҷтимоиву маорифи Тоҷикистон ба ин кишвар 110 миллион доллар кӯмак намудааст.

"Минбари халқ", нашрияи ҲХДТ дар матлабе зери унвони "Пахтачинро ҳавасманд гардонем" навиштааст, то кунун дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор тонна пахта ҷамьоварӣ шудааст, аммо, афзудааст нашрия, бо вуҷуди фаровонии ҳосил дар саҳро дар пахтазорҳо пахтачин намерасад, ки ҳосили рӯёнида шуда ҷамьоварӣ гардад.

Муаллифи матлаб сафарбарии иҷбории мактабиёну донишҷӯёнро дар вилоятҳои Суғду Хатлон барои ҷамьоварии пахта ғайриқонунӣ хондааст. Дар ин матлаб омадааст, ҳоло ҷавонони зиёде аз навоҳии Хатлон дар Душанбе ба мардикорӣ машғуланд. Агар хоҷагиҳо сари вақт пули пахтаро нақд пардохт намоянд, ҳеҷ гоҳ онҳо дур аз зану фарзанд шабро рӯз намекунанд.

"Садои Мардум" навиштааст, дар намоишгоҳи байналмилалии "Пиво - индустрия 2004" дар шаҳри Маскав пивои истеҳсоли Тоҷикистон бо номи "СИМ - СИМ" соҳиби медали тилло ва дипломи махсуси иттиҳодияи саноати пиво гардидааст. Анвар Урунов, мудири кулли корхонаи истеҳсоли пивои "Сим - Сим" ба "Садои мардум" гуфтааст, ки дар намоишгоҳи Маскав намояндагони 40 давлати дунё бо ироаи анвоьи пивои мухталиф ширкат доштанд, вале пивои "Сим сим" аз лиҳози таъму кайфият дар ин миён пивои беҳтарин эътироф шудааст.

"Чархи гардун" навиштааст, ки ҳавзи дарёи Лучоб метавонад ба минтақаи осоишгоҳу табобатӣ табдил ёбад. Нашрия хабар додааст, ки ахиран геологҳо дар ин ҷо захираи зиёди обҳои гарми зеризаминиро пайдо кардаанд. Танҳо як чашмаи он дар як шабонарӯз 700 метри мукааб оби сулфиддор медиҳад, ки он барои як шифохонаи дорои якуним - ду ҳазор ҷой кофӣ аст. "Чархи гардун" бо ишора ба хулосаи коршиносон афзудааст, ки оби ҳавзи Лучоб дар таркибаш сулфид, микрокомпонентҳои биологӣ, аз ҷумла бром, йод, бор ва ғайраҳо дорад, ки аз ҷиҳати фоиданокиаш аз оби осоишгоҳи Матсестии Сочи ва Талгии Доғистон бартарӣ дорад.

Дар як матлаби дигар "Чархи гардун" бо истинод ба хабаргузории "Ховар" иттилоь додааст, ки дар Душанбе, дар бинои собиқ тарабхонаи "Помир" калонтарин тарабхонаи чинӣ бо номи "Луи Чен" ва ё "Аждаҳои чинӣ" ба кор оғоз намудааст. Ҷаноби Ню, котиби сафорати Чин дар Тоҷикистон зимни ифтитоҳи тарабхонаи мазкур гуфтааст, тамоми маҳсулоти зарурӣ барои тайёр кардани таьомҳои миллии мардуми Чин дар ин тарабхона мустақиман аз Чин ба Тоҷикистон оварда мешавад.
XS
SM
MD
LG