Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия


Рӯзи душанбеи 22 август дар шаҳри Маскав бо мусоидати Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират нишасти серӯза дар мавриди мушкилоти муҳоҷират шурӯъ хоҳад шуд, ки дар он намояндагони кишварҳои Аврупои шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва бархе аз мамолики Аврупои ғарбӣ усулҳои муаасири ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ, масоили амниятии марбут ба ин падидаро баррасӣ мекунанд.
Ин нишасти саввум ва ниҳоӣ дар доираи барномаи "Муколама ва тақвият бахшидан ба имконоти техникӣ зимни назорат ба раванди муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон , Афғонистон ва Покистон"-и ин созмони байналмилалӣ мебошад.
Тавре аз Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ба Радиои Озодӣ хабар доданд, дар Русия ҳудуди 10 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Русия баъд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шумори муҳоҷирин дар ҷаҳон ҷои дуввумро ишғол мекунад. Аслан шаҳрвандони аз кишварҳои Қафқоз, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Укроин, Русияро барои муҳоҷират интихоб мекунанд. Дар маҷмӯъ дар саросари Русия муҳоҷирони 120 кишвари ҷаҳон кор ва зиндагӣ доранд.
Бар асосии таҳқиқоти Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ҳар сол 1,7 миллион сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия муҳоҷират мекунанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти расмии мақомоти масъули Тоҷикистон ҳар сол ҳудуди 500 ҳазор сокинони ин кишвар ба хориҷ муҳоҷир мешудаанд, ки манобеи ғайрирасмӣ теъдоди ҳарсолаи муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон ба хориҷ аз кишварро бештар аз миллион нафар ном мебаранд.
Тибқи маълумоти СҶМ кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои шарқӣ барои муҳоҷирини Афғонистон, Чин, Покистон, Шри-Ланка ва мамолики дигари ҷанубу шарқи Осиё ба ҳайси як кишвари транзитӣ хизмат мекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, кишварҳои мазкур натанҳо барои муҳоҷирини меҳнатӣ, ҳамчунин барои қочоқи одамон, силоҳ ва маводи мухаддир як минтақаи транзитӣ будааст. Дар назар аст, ки ин масоил дар нишасти серӯзаи Маскав баррасӣ хоҳад шуд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG