Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як тонна мухаддирот дар коми оташ


Дар Тоҷикистон тӯли 7 моҳу 20 рӯзи соли равон беш аз якуним тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки бештар аз 800 килои онро бо нирӯҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон дар амалиёти муштарак кашф ва забт кардаанд. Аваз Юлдошев, сухангӯи оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон ба ҳангоми оташсӯзии ахири беш аз 130 килограмм маводи мухаддир бо таъйиди ин хабар афзуд, танҳо дар моҳи август беш аз 1 тонна маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон ба оташ кашида шудааст. Дар ин зимн, ҷаноби Юлдошев гуфт, имсол дар Афғонистон беш аз 3600 тонна маводи мухаддир тавлид гардидааст. Ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз соли ҷорӣ дар вилоёти Бадахшон, Қундуз ва шаҳри Кобули Афғонистон намояндагиҳои оҷонсии назорат бар маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо вазорати корҳои дохилии Афғонистон фаъолият доранд. Аваз Юлдошев, сухангӯи оҷонсии назорат бар маводи мухаддир гуфт, ки Тоҷикистон дар боздошти навъи афъюн ва ҳероин дар ҷаҳон баъди Чину Ирон дар ҷои саввум ва дар ИДМ дар ҷои аввал меистад. Беш аз 90 дарсади боздошти маводи мухаддири Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон рост меояд.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG