Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шайх Искандаровро бегуноҳ медонад


Давлатхӯҷа Сақоваров, ронандаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар мурофиаи ахири ӯ бо дастури Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ташкил шудани ҳамла муқобили шӯъбаи корҳои дохилӣ ва додситонии ноҳияи Тоҷикободро рад кард. Мақомоти Тоҷикистон ҳамла болои биноҳои идораҳои қудратии Тоҷикободро кори дасти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров меҳисобанд ва тибқи иттилоъи додситонии кулли Тоҷикистон, Искандаров қабл аз парвоз ба Маскав, ба ронандаи худ Давлатхӯҷа Сақоваров дастур додааст, то амри ӯро дар ин замина ба афроди мусаллаҳи вафодор ба ӯ бирасонад.

Оқои Сақоваров, ки дар ин мурофиа ба ҳайси шоҳид иштирок намуд, ба додрас гуфт, муфаттишон аз роҳи фишор дар ин замина аз вай баёноти бардурӯғ алайҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гирифтаанд. Дар мурофиа сабти видеоии яке аз баёнотҳои оқои Сақоваров манзури ҳозирин шуд, ки дар он ронандаи мошини хидматии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гуфтааст, бо супориши Искандаров вай ба назди Ёрибек Иброҳимов, маъруф ба «Шайх» ва Мирзохӯҷа Аҳмадов, сардори бахши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рашт меравад ва аз номи Искандаров ба онҳо дастур медиҳад, ки амалиёти алайҳи давлатро дар Тоҷикобод шурӯъ намоянд. Аммо Давлатхӯҷа Сақоваров баёноти қаблии худро инкор кард ва гуфт, муфаттишон бо шиканҷа ва азоби ҷисмонӣ, ки боиси шикаста шудани мӯҳраҳояш шудааст, аз ӯ тақозо кардаанд, ки ба ин мазмун нишондод диҳад.

Дар ҳамин ҳол, Ёрибек Иброҳимов, маъруф ба «Шайх», ки дар ҳамлаҳои мусаллаҳона ба шӯъбаи умури дохилӣ ва додситонии ноҳияи Тоҷикобод гумонбар дониста мешавад, зимни мурофиа гуфт, бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳеҷ кадом иттифоқи ҷиноӣ набастааст ва миёни ӯ ва Искандаров дар мавриди ҳамла ба мақомоти интизомии Тоҷикобод ягон нақшаи муштарак матраҳ нашудааст. Иброҳимов мегӯяд, гузашта аз ин, ӯ бо Искандаров ақидаҳои мухолифи ҳам доранд. Вай инчунин гуфт, ҷонибдори ақидаҳои исломист, вале Искандаров аз ҷомеаи мардумсолорӣ пуштибонӣ намуда ва ҳамеша ӯро барои созиш бо ҳукумат даъват мекардааст.

Аммо ин дар ҳолест, ки Меъроҷ Ҳакимов, айбдоркунандаи давлатӣ шаҳодати Ёрибек Иброҳимовро зери тардид бурда гуфт, оқои Иброҳимов ба ҳангоми тафтишоти қаблӣ бар зидди Искандаров баёнот додааст ва ҳоло тағйири мавқеъ мекунад. Вале Ёрибек Иброҳимов мегӯяд, муфаттишон бар асари зарбу лати ҷисмонӣ ва шикастани пойҳои ӯ ин баёнотро ба таври иҷборӣ аз вай гирифтаанд. Ёрибек Иброҳимов афзуд, аснои тафтишот дарк кардааст, ки ҳадафи мақомот на ҳабси вай, балки зиндонӣ кардани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократии Тоҷикистон будааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG