Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикояти кишоварзони тоҷик аз кодекси нави андози Тоҷикистон


Дар арафаи гирдоварии ҳосили соли ҷорӣ бештари воҳидҳои кишоварзӣ ва масъулини ин соҳа дар Тоҷикистон аз ҷорӣ шудани Кодекси нави андоз ва махсусан шарти андози ягона барои истифодаи замин изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба эътиқоди кишоварзон, андози ягона аз замин ба мушкилоти ин соҳа мушкилоти тоза зам намуда, заминаро барои муфлисшавӣ ва бештар ба қарз ғӯтавар шудани хоҷагиҳои деҳқонӣ фароҳам кардааст.

Муҳаммадлатиф Каримов як кишоварз аз ноҳияи Айнӣ, ки ба парвариши картошка ва гандум машғул аст, мегӯяд, бо ба иҷро даровардани андози ягона миқдори маблағ ба ҳар гектари замин ба маротиб боло рафтааст. Аз сӯи дигар ба маҳзи татбиқи андози ягона тафовут дар андозбандӣ барои намудҳои замин ба мисол замини лалмӣ, обӣ ва ё чарогоҳ аз байн бурда шуда ва пардохти маблағ ба онҳо як хел муқаррар шудааст.

Кишоварзи тоҷик мегӯяд: "Умед доштем, ки андози ягона мушкилоти моро осон мекунад. Соли пеш мо аз як сотих замин 4 сомонӣ мепардохтем, имсол бошад 6 сомониву 40 дирам ва ё 6 сомониву 70 дирам мепардозем."

Исломиддин Бадалов як нафар деҳқон аз деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки қаблан аз ҳабдаҳ намуди андоз бештари навъи онро мепардохт, аз ҳосили ба дастоварда фоида ҳам медид. Вале ҳоло гаронии ҳаҷми андози ягона заҳмат ва ранҷи яксолаи ӯро бефоида кардааст: "Ҳатто деҳқон ин андозро пардохта наметавонад. Ӯ агар фоидаи ҳосили худро танҳо барои андоз сарф кунад, барои рӯзгузарониаш ҳеҷ чиз боқӣ намемонад." Ин кишоварз аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, то ба Кодеси андоз таҷдиди назар намояд ва имкон бидиҳад, ки ҳам кишоварз фоида бинад ва ҳам андоз аз замин саривақт пардохта шавад.

Вале масъулини вазорати даромад ва пардохти Тоҷикистон, муаллифони Кодекси нави молиёт мегӯянд, бо гузашти як сол аз ҷорӣ шудани меъёри нави андоз дар бахши кишоварзӣ натиҷагирӣ аз фоида ва зиёни он дар ин муддат новақт аст. Сайидаҳтам Абдуллоев, як масъули ин вазорат шикоят ва норозигии кишоварзонро дар ҳоли ҳозир бепоя хонда, вале ҳамзамон иқрор кард, ки меъёри андози ягона гаронтар аст. Вай афзуд, коршиносон ва мутахассисини вазорат дар саросари кишвар дар ин замина, яъне дар мавриди суду зиёни андози ягона таҳқиқот анҷом медиҳанд ва то ба даст омадани хулоса ва натиҷа дар ин маврид шарҳи бештар нахоҳанд дод.

Ба ақидаи Азизбек Шарифов - раиси Анҷумани хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон ба иҷро даровардани низоми андози воҳид бидуни омӯзиши вазъи кунунии бахши кишоварзӣ дар кишвар сурат гирифтааст. Оқои Шарифов мегӯяд, дар ҳоле, ки бештари хоҷагиҳо ва воҳидҳои кишоварзӣ аз лиҳози молӣ вобастаи сармоягузор ҳастанд ба иҷро гузоштани чунин навъи молиёт деҳқонро батамом аз замин дилсард месозад: "Аз ин мо умед доштем, ки механизми ситонидани андоз содда ва тафтиши фаъолияти хоҷагиҳо камтар мешавад, аммо мутаасифона ҳоло ҳам чӣ хеле ки пеш чаҳор маротиба андозсупорӣ мерафтем, ҳоло ҳам меравем. Мушкили дигар ин аст, ки навъҳои андоз аз ду то 25 маротиба зиёд шуд."

Ба ҳамин тартиб баҳси миёни кишоварзон ва мақомот дар мавриди барҳам додани андози ягона аз замин дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз гарм мешавад ва ба эътиқоди бештари коршиносон аз эҳтимол дур нест, ки он дубора таҷдиди назар шавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG