Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоиши низомиёни рус дар Тоҷикистон


Бузургтарин размоиши тактикии лашкари тирандози 201- и Русия дар Тоҷикистон, ки як ҳафта дар машқгоҳи Лоҳур, 35 километрии ҷануби Душанбе ҷараён дошт, баъд аз зӯҳри 19 август ба поён расид. Павел Конев, сухангӯи лашкари тирандози 201 -и Русия размоиши мазкурро калонтарин размоиш бо ширкати воҳидҳои мухталифи ин лашкар дар 26 соли охир дар Тоҷикистон номид. Ҷаноби Конев раванди баргузории размоишро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин гуна шарҳ дод: «Дар шароити монанд ба вазъи ҷангӣ воҳидҳои низомӣ наҳваи ташкили амалиёти дифоъӣ ба ҳангоми рафъи ҳамлаи душмани фарзӣ, яъне гурӯҳҳои террористиро тамрин намуданд. Дар размоиш ҳудуди 2000 ҳазор сарбоз ҷалб шуда буд ва зимни иҷрои амалиёт ҳамзамон техникаи вазнини низомӣ аз қабили тонк, тӯпхона ва дастгоҳҳои мушакандози зидди ҳуҷуми ҳавоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар марҳилаи ниҳоии размоиш ҳамчунин аз ҷангандаҳои Су 25 ва чархболҳои низомӣ низ кор гирифта шуд.»
Рафти размоиши воҳидҳои низомии русӣ дар машқгоҳи Лоҳурро Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон ва Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон назорра намуданд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG