Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти 8 нафар бо ҷурми фасодкорӣ


Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 8 тан аз кормандони идораи молияи ҳукумати Суғд, бахшҳои «Кафолатбонк», «Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва ширкати хурди хусусии «Фирдавс» - ро бо ҷурми тасарруф ва дуздии амволи давлатӣ ба мӯҳлатҳои аз 2 то 11 сол маҳкум ба зиндон бо мусодираи амволи шахсӣ кард.
Марҳабо Турдиматова - додраси додгоҳи Хуҷанд ва раиси мурофиа ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод ҳамчунин аз ҳаққи фаъолият дар идораҳои молӣ ва бонкҳо ба мӯҳлати то чаҳор сол маҳрум шудаанд. Вай дар бораи аъмоли ҷиноии 8 тани маҳкумин афзуд: «Аз моҳи феврали соли 2003 то моҳи майи 2004 маҳкумшудагон бо сӯистифода аз мансаб ба аз худ кардани маблағҳои давлатӣ даст зада, наздики 260 ҳазор сомониро барои эҳтиёҷоти шахсӣ истифода кардаанд."
Хонум Турдиматова афзуд, додгоҳи Хуҷанд ба як хазинадори «Ориёнбонк»- ро ҷазои шартии ду соли ҳабс муқаррар карда ва як корманди собиқи идораи молияи Суғдро бегуноҳ донистааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, зарари молӣ аз муҷримин ба пуррагӣ рӯёнида, ба буҷаи давлат ворид карда шудааст. Вакили дифоъи Мунир Маннонов - яке аз маҳкумин ҳукми 5 соли зиндонро нисбат ба нафари таҳти ҳимояташ сангин дониста, аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд ба мақоми болоӣ шикоят бурдааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG