Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳои теннисбозони наврас


Нарзуллоҳ Латиф

Варзишгарони навраси тоҷик барои ширкат дар нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки аз 2 то 8 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, омодагӣ мегиранд. Бино ба иттилоъи Татяна Ҳомидова, котиби масъули федератсияи тенниси Тоҷикистон дар айни ҳол чаҳор теннисбози навраси тоҷик - Наврӯз Қурбонов, Ҷамшед Шерматов, Қаҳрамон Муҳиддинов ва Хуршед Аслонов дар пойтахти ин кишвар таҳти раҳбарии мураббӣ Мансур Яҳёев тамрин мекунанд.

Гурӯҳи дигар дар ҳайати Аҳмадҷони Муҳаммад, Рустам Қаюмзода, Орой Махтумова, Таҳмина Бурҳонова, Азиза Азизова ва Парвина Мирзоҳакимова бо роҳбарии мураббӣ Сергей Макашин дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд ба машқҳо шурӯъ карданд. Ҳамчунин, теннисбози навраси тоҷик Акбари Раҳмон , ки дар академияи тенниси Русия таҳсил ва тамрин мекунад, номзад ба узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобӣ байни теннисбозони зикршуда муайян мешавад. Хонум Ҳомидова гуфт, барои ширкат дар Ҷоми президенти Тоҷикистон теннисбозони навраси синнашон то 12 - сола аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Ҷопон, Фаронса ва Чин даъват шудаанд.
Мусобиқаи мазкур дар майдонҳои тенниси назди варзишгоҳи марказӣ, ки кори азнавсозии онҳо тибқи нақшаи кумитаи тадорукот рӯзи 25 август ба анҷом мерасад, баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG