Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ва размоиши сарбозони тоҷик дар Русия


Як воҳиди низомии нерӯҳои зидди ҳамлаи ҳавоии Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар размоиши кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи ҷумъа озими Астрахани Русия шудааст. Темур Давлатов, афсари нерӯҳои зидди ҳамлаи ҳавоии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз баргузории тамриноти воҳидҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар размоишгоҳи Ашулуки Русия озмоиши омодагии ин нирӯҳо дар муқобала бо ҳамлаҳои ҳавоии ногаҳонӣ мебошад. Ҷаноби Давлатов мегӯяд, дар ин размоиш, ки аз 22-юм то 31-уми август идома меёбад, нирӯҳо аз Русия, Арманистон, Гурҷистон, Белоруссия, Украина ва мамолики Осиёи Марказӣ иштирок хоҳанд кард. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ин як мусобиқаи анъанавист, ки дар чаҳорчӯби барномаи «Иттиҳоди Низомӣ-2005» сурат мегирад. Оқои Давлатов афзуд, 32 сарбози тоҷик тайи ду моҳи ахир дар Белорусия ва тамрингоҳҳои кишвар ҷиҳати ишғоли мавқеи аввал дар ин мусобиқот омодагӣ дидаанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Заробиддин Сироҷев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон 30-юми август, дар марҳилаи ниҳоии размоиш вузарои дифоъи мамолики узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бо шумули Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Манбаъ афзуд, нерӯҳои низомии минтақа аснои тамринот аз ҷумла амалиёти муштараки зиддитахрибкорӣ ва низоъҳои мусаллаҳонаро анҷом медиҳанд. Ҳамзамон чанд муҷтамаъи мушакандози зенитӣ мавриди истифода қарор гирифта, машқҳои тирандозӣ ва безараргардонии ҳамлаҳои ҳавоӣ иҷро мешаванд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, тамриноти муштараки нерӯҳои зидди ҳамлаи ҳавоии мамолики узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тайи даҳ соли ахир ба таври мунтазам идома доштааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG