Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Созмони Милал ба Тоҷикистон


Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, аз тамоми иқдомоти лозим кор бигирад, то ба азияту шиканҷаи боздоштшудагон ва зиндониён таввасути мақомоти интизомӣ хотима диҳад. Ин кумита моҳи гузашта баъди баррасии гузориши солонаи ҳукумати Тоҷикистон доир ба ҳуқуқи инсон бо изҳори нигаронӣ гуфтааст, , ки мақомоти интизомии Тоҷикистон барои гирифтани иттилоъот, водор намудан ба эътирофи гуноҳ, боздоштшудагон, шоҳидон ва зиндониёнро шиканҷа ва бо онҳо бадрафторӣ мекунанд ва ба гуфтаи Кумитаи ҳуқуқи башар ин падида дар Тоҷикистон густариш ёфтааст.

Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин гуфтааст, таъқиби пайвастаи хабарнигорони тоҷик аз ҷониби мақомот ва мусодираи нашри рӯзномаҳо боиси нигаронии ин созмон аст. Дар гузориши СММ ҳамчунин аз он ибрози нигаронӣ шудааст, ки бо вуҷуди саъйи ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи инсон ин кишвар ҳамчунон як манбаъи аслӣ барои қочоқи атфол ва занон боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал бо нигаронӣ зикр кардааст, ки хушунат алайҳи занон то кунун як мушкили гиребонгири Тоҷикистон аст. Бо зикри талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи нобаробарии ҷинсӣ дар мақомоти давлатӣ, беҳтар кардани мавқеи занон дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо, Созмони Милал ҳамзамон гуфтааст, дар ин росто кори зиёде боқист, ки бояд анҷом шавад.

Созмони Милал бо хулосагирӣ аз гузориши ҳукумати Тоҷикистон ба мақомоти ин кишвар тавсия додааст, афсарони полисро тамрини бештар диҳад, барои аз байн бурдани хушунат алайҳи занон ҷаласоти омӯзишӣ барои боло бурдани сатҳи огаҳии мардум ва ҳимояти ҳуқуқи занон доир намояд. Созмони Милал ҳамчунин аз Тоҷикистон хостааст, барои афзудани нақши занон дар ҷомеа тадобири бештар биандешад.

Дар робита ба нақзи ҳуқуқи зиндониён ва боздоштшудаҳо таввасути муфаттишон ва дигар мақомот Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, аз тамоми иқдомоти мумкин кор бигирад, то ба ин падидаи манфӣ хотима гузорад. Ин ниҳод ҳамчунин мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон бояд тамоми шикоёти марбут ба шиканҷаи маҳбусону боздоштшудагон таввасути мақомотро билофосила таҳқиқ кунад, масъулони ин корро фавран ба муҳокима бикашад ва ба осебдидагон ҷуброни муносибро бипардозад.

Дигар талаби Кумитаи Ҳуқуқи башари Созмони Милал аз Тоҷикистон ин аст, ки аз таъқибу таҳдиди хабарнигорон парҳез кунад. Ва дар ниҳоят Созмони Милал хостааст, то ки ҳукумати Тоҷикистон талошҳояш барои мубориза бо ҷиноёти марбут бо қочоқи инсонро дучанд намояд, дар ин самт бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкорӣ ва дар ҳаққи қурбониёни қочоқ ғамхорӣ намояд.

Кумитаи Созмони Милал ҳангоми нишасти сеҳафтаинаи тобистонаи худ 14 июли соли равон гузориши муқаддамотии ҳукумати Тоҷикистонро оид ба риояи Аҳдномаи байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсиро баррасӣ карда ва хулосаҳои худро дар анҷоми ин нишаст дар охири моҳи июл ба ҳукумати он кишвар ирсол намудааст.
XS
SM
MD
LG