Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории чопхонаи "Ҳумо" аз нашри "Одаму Олам"


Чопхонаи махсуси мавсум ба "Ҳумо" ин ҳафта аз чопи нашрияи мустақили "Одаму Олам" худдорӣ кардааст. Нашрияи ҷамъиятиву сиёсии "Одаму Олам" пас аз таввақуфи 11-моҳа дар ҳафтаи гузашта интишор ёфта буд. Ба гуфтаи масъулони ҳафтанома, онҳо бо чопхонаи "Ҳумо" аҳднома бастаанд ва ин нашриёт муваззаф шудааст, то охири соли равон "Одаму Олам"-ро нашр кунад.

Аммо ба гуфтаи Бобохон Раҳматов - масъули бахши тиҷорати нашрия - раҳбари "Ҳумо" бидуни огаҳии пешакӣ аз нашри рӯзномаи онҳо ин ҳафта худдорӣ кардааст. Оқои Раҳматов гуфт, масъулони чопхона иқдоми худро шарҳ надоданд. Аммо Дониёр Қудратов - масъули чопхонаи "Ҳумо" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба аҳдномаи имзошуда бо "Одаму Олам" содиқ аст, вале чопхонаи онҳо қодир ба нашри пайвастаи рӯзнома нест ва ин ҳафта бинобар иллатҳои молӣ натавонист онро нашр кунад.

Оқои Қудратов афзуд: "Мо як шумора чоп кардем, вале айни ҳол баъзе масъалаҳо ҳаст, ки мо онро чоп карда наметавонем. Кори зиёд дорем, чанд китоб ҳаст, ки бояд якҷоя нашр кунем, баъдан мушкили ёфтани коғаз дар ҷумҳурӣ пайдо шуд, ҳозир коғази кофӣ надорем, ба ҳамин сабаб рӯзномаро дар рӯзи муқарраршуда чоп карда наметавонем."

Дониёр Қудратов гуфт, барои интишор кардани "Одаму Олам" аз ҷониби ягон мақомот ва ё шахси алоҳида тазъийқу фишор надидааст ва раҳбарияти нашриёт танҳо ба иллати маҳдуд будани имконияти чоп аз нашри рӯзнома худдорӣ кардаанд. Ҷаноби Қудратов гуфт, сардабири нашрияи "Одаму Олам" Мираҳмади Амиршоро аз мушкилоти чопхона воқиф кардааст ва ба ӯ гуфтааст, ки феълан рӯзномаи онҳоро чоп карда наметавонад:

"Шояд агар бархе аз масъалаҳои молиявӣ ва хоҷагӣ ҳал шавад, шояд ки мо ҳамкорӣ кунем. Ман ба ӯ шароитро фаҳмондам ва гуфтам, ҳамин хел воқеа ва ҳамин хел мушкил аст, ман имконияти чопи рӯзномаро надорам."

Ҳамзамон Мираҳмади Амиршо - сардабири "Одаму Олам" мегӯяд, умед дорад, дар рӯзҳои наздик рӯзномааш чоп хоҳад шуд: "Онҳо гуфтанд, ки рӯзномаро чоп мекунем, вале ду рӯз баъд. Ин ҷо шояд сабабҳои дигар ҳам бошад, аммо чун дигар чопхонаҳо рӯзномаи моро чоп намекунанд, мо ба ин дархости онҳо розӣ шудем. Мо ҳамаи инро таҳаммул мекунем, ба хотири он ки хонанда аз рӯзнома бенасиб намонад. Ба назари ман рӯз муҳим нест, муҳим нашри рӯзнома аст. Умедворам, ки рӯзи душанбе дар робита ба нашри рӯзномаи мо ба як хулосаи қатъӣ меоянд."

Дар ҳамин ҳол Хуршеди Атовулло - сардабири нашрияи "Зиндагӣ" мегӯяд, пас аз таввасути мақомоти андоз баста шудани чопхонаи "Ҷиёнхон", ки рӯзномаҳои мустақил, аз ҷумла "Одаму Олам"-ро нашр мекард, дигар чопхонаҳо намехоҳанд, барои худ мушкил эҷод кунанд. Ба гуфтаи ӯ эҳтимол аст, ки масъулони чопхонаи "Ҳумо" низ ба ҳамин далел аз идомаи нашри рӯзномаи "Одаму Олам" худдорӣ кардаанд. Нашрияи "Одаму Олам" дар гузашта пайваста аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон интиқод кардааст.
XS
SM
MD
LG