Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имтиёзи нав барои сармоягузорони хориҷӣ


Вазорати даромад ва пардохтҳои Тоҷикистон қасд дорад, дар ояндаи наздик воридоти таҷҳизот ва мошинолоти пешрафта ба кишварро аз пардохти молиёти ғайри мустақим ва ё андози арзиши иловашуда озод намояд. Ғуломҷон Бобоев - вазири даромаду пардохтҳои Тоҷикистон гуфт, онҳо дар ин робита лоиҳае қарореро ба ҳукумат пешниҳод кардаанд. Ба эътиқоди мақомоти вазорат, ин иқдом ба нафъи рушди иқтисодии кишвар хоҳад буд ва ҳамзамон пардохти молиётро беҳтар хоҳад кард.
Лағви молиёти ғайримустақим аз вуруди таҷҳизоти истеҳсолӣ пас аз як соли қабули қарори таҳти рақами 302 сурат мегирад, ки рӯйхати таҷҳизоти воридотӣ ба Тоҷикистонро муайян карда буд. Бар асоси ин санад, воридкунандагони 50 навъ таҷҳизоти истеҳсолӣ зимни воридот аз пардохти андози гумрукӣ ва андоз озод ҳастанд.
Аммо Ҳайдар Холов - сардори бахши иқтисоди саноати Тоҷикистон ин қарорро як садде дар роҳи воридоти таҷҳизоти пешрафтаи саноатӣ ва сармоягузорӣ ба кишвараш медонад ва мегӯяд, дар ҳоле, ки ҳамасола дастгоҳу таҷҳизоти нав вориди бозор мегардад, маҳдуд намудани воридони мошиноолот хатои маҳз аст. Узви порлумони Тоҷикистон Муҳидин Кабирӣ низ мегӯяд, агар Тоҷикистон дар оянда ин сиёсатро дунбол кунад, он гоҳ ба як партобгоҳи таҷҳизоти кӯҳнаву фарсуда табдил меёбад, ки зарбае хоҳад буд, ба рушди иқтисоди кишвар.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG