Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вируси хатарноки нав дар Интернет


Як вируси зудҳаракати компютерӣ, ки рӯзи сешанбе дар шабакаи ҷаҳонии Интернет пайдо шуд, ба фаъолияти иддае аз ширкатҳо дар Иёлоти Муттаҳида, Олмон ва Осиё осеб расонидааст. Аз ҷумла чандин компютерҳо дар конгресси Амрико ва расонаҳое ба мисли СNN, ABC ва New York Times низ аз фаъолият бозмондаанд. Ҳатто дар фурудгоҳи байналмилалии Сан Франсискои иёлати Лос-Анҷелес вируси мазкур дар кори иддае аз компютерҳои онро мушкил эҷод кардааст, аммо ба фаъолияти фурудгоҳ халале ворид насохтааст.

Хадамоти Федеролии Таҳқиқоти Амрико мегӯяд, зоҳиран тавсиаи вирус бахше аз ҳамлаи густурда вирусӣ нест.
Йоҳаннес Улрих як масъули ширкати Сенс Институт воқеъ дар аёлати Флоридаи Амрико гуфт, ин кирми компютерӣ қодир ба хароб кардани барномаи Windows 2000 ва ҳамчунин Microsoft XP аст ва бо сироят кардан ба компютер сабаби батакрор хомӯш ва ё яхбастани он мешавад.

Деббӣ Фрай Вилсон - раҳбари маркази умури ҳифозатии ширкати Майкрософт гуфтааст, ширкати онҳо дар пайи мубориза ҷилавгирӣ аз тавсиаи ин кирм ва таҳияи боздорандаҳои он мебошанд. Ӯ ба соҳибони компютерҳо тавсия додааст, аз саҳифаи интернетии ширкати Майкрософт, (Microsoft.com/security)
барномаҳои нави ҳифозатиро насб кунанд.

Агарчӣ ба гуфтаи Деббӣ Фрай Вилсон, маълум нест, ки чӣ қадар кирми нав ба чӣ қадар компютерҳо сироят кардааст, аммо аксаран барномаи Windows 2000-ро ширкатҳо ва соҳибкорон истифода мебаранд.
Ҳамакнун ширкати Майкрософт ҳамроҳ бо хадамоти амниятӣ дар пайи онҳое шудаанд, ки вируси навро ихтироъ намуда ва сар додаанд. Ин вирусро worm-rbot.cbq ном ниҳодаанд. Ба гуфтаи мутахассисон, маълум нест, ки вируси нав то кай ҳаракати харобкоронаи худро идома хоҳад дод, зеро дар фасли тобистон афроди зиёде дар таътил ҳастанд ва баъди бозгашт ба кор метавонанд ноогоҳона вируси навро ба компютери худ роҳ диҳанд ва сабаби тавсиаи дубораи он дар шабакаҳои мухобиротӣ шаванд .
XS
SM
MD
LG