Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Давлатманди Хол ба Амрико


Рӯзи панҷшанбеи 18 август Донишгоҳи Монтанаи ИМА аз Давлатманди Хол - ҳунарманди саршиноси тоҷик даъват кард, ки бо як барномаи вижаи ҳунарӣ ба Вашингтон сафар кунад. Ба иттилоъи Давлатманд Холов, тибқи қарордод бо Донишкадаи Монтана дар назар аст, ки устоди фалаксарои тоҷик аз 10 то 25 сентябр дар Вашингтон ва Монтана бо барномаи консертӣ ҳунарнамоӣ кунад. Устод Давлатманд дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамингуна даъватномаҳоро таи рӯзҳои ахир аз дигар кишварҳо ҳам гирифтааст ва пас бозгашт аз Амрико ҳамзамон озими Белорус ва Фаронса мегардад. Давлатманд Холов гуфт, ҳини сафар ба Порис барои рӯи адвор гирифтани Фалак ба конуни байнулмилали мусиқашиносон 18 ишораи рамзии Фалакро пешкаш хоҳад кард.
Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG