Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди 1025-солагии Абӯалии Сино дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон рӯзи кормандони риштаи тиб таҷлил мешавад ва ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе маҳфилҳои идона баргузор гаштааст, аз ҷумла имрӯз табибони тоҷик ба пояи пайкараи Сино гулчамбарҳо гузоштаанд.
Имрӯз барандагони озмуни "Пизишки сол", "Ҳамшираи шафқати сол" муайян шуданд ва интизор меравад, як қатор пизишкони тоҷик бо нишони ҷашнии "1025-солагии Абӯалӣ ибни Сино" сарфароз гарданд. Ба муносибати ҷашни Сино, маҷмӯъаи мақолаҳо таҳти унвони "Абӯалӣ Сино ва нақши ӯ дар таърихи тамаддуни башар", "Гиёҳдавоӣ аз рӯи дастурҳои Сино" ва осори дигар ба чоп расид.
Китоби аввал бо мақолаи президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Муҳаммадшоҳ Илолов, дар бораи нақши Сино дар таърихи тамаддуни ҷаҳон сар шуда, дар асари дуюм, муаллифон, профессор Юсуф Нуралиев ва номзади илми тиб Саидҷон Нодиров роҳҳои корбасти таҳқиқоти Синоро дар тибби имрӯза баррасӣ кардаанд.
Файласуф ва донишманди машҳури тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар соли 980 дар шаҳристони Афшана, наздикии Бухоро ба дунё омадааст.
XS
SM
MD
LG