Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштзорҳои беҳосил ва кишоварзони фақири Суғд


Дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон беш аз 280 ҳазор гектар замини қобили кишт барои бахши кишоварзӣ ихтисос дода шудааст, ки тақрибан сеяки он замини обӣ ва боқӣ лалмӣ мебошад. Ин заминҳои кишт, ба маълумоти идораи кишварзии вилояти Суғд, моли беш аз 60 ҳазор хоҷагиҳо маҳсуб меёбанд. Вилояти Суғд дар соли 2004 ба маблағи зиёда аз 600 миллион сомонӣ, баробари 200 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти кишоварзӣ тавлид кардааст. Ба ҳисоби умумӣ, даромади миёнаи солона аз ҳар гектар замин дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ба камтар аз 2500 сомонӣ, тахминан 700 доллари амрикоӣ баробар будааст.

Ин ҷо саволе матраҳ мешавад: Дар чунин ҳолат хароҷоти бахши кишоварзӣ чӣ тавр пӯшонида ва ба кишоварзони оддӣ аз кадом ҳисоб ва чӣ тавр музди кор пардохта мешавад?

Аз як кишоварзи Суғд - Мавҷуда Отабоева, ки ҳамроҳи фарзандони худ миёни пахтазор каланд мезад, пурсидам, ки ӯ чӣ қадар дастмузд мегирад? Вай гуфт, саҳмиядори хоҷагии кишоварзист ва як гектар замини пахта ба номаш аст, аммо барои заҳмати тулонӣ ва сангин дар майдонҳои пахта ҳамагӣ тақрибан 100 сомонӣ музд мегиранд: «Дар пахтазор одатан бачаҳо ва занон кор мекунанд. Ба обмонии пахта мардон машғуланд. Ба подоши обёрии даҳ гектар замини пахта барои обронҳо хоҷагӣ ним гектар замин барои истифодаи шахсӣ медиҳад.»

Холаи Мавҷуда меафзояд, барои мардон кор хеле кам аст ва аз ин рӯ онҳо барои дарёфти рӯзӣ ба мардикори Русия сафар мекунанд. Шавҳари вай низ дар Русия машғули мардикорӣ будааст.

Ин дар ҳолест, ки пахтакорӣ, аз нигоҳи масъулини Суғд, даромадноктарин бахши соҳаи кишоварзӣ дар вилоят маҳсуб меёбад. Чун дар замони шӯравии собиқ бо тасмими мақомот тамоми хоҷагиҳои кишоварзии вилоят, ки аз колхозу совхозҳои шӯравии собиқ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамоавӣ ва монанди инҳо ивази ном кардаанд, маҷбуран ба пахтакорӣ водор карда шудаанд. Қисмати умдаи заминҳои обии минтақа низ, беш аз 85 ҳазор гектар, ба пахтакорӣ ихтисос дода шудааст. Соли гузашта дар вилояти Суғд ҳосили дар давоми даҳ соли ахир рекордӣ - 160 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Ҳисоб нишон медиҳад, ки аз ҳар гектар замин беш аз 18 сентнерӣ пахта ба даст оварда шудааст ва ин дар миқёси ҷаҳонӣ ҳосили чандон зиёд нест.

Аз Маҳмадамин Самиев - муовини сарвари идораи кишоварзии Суғд пурсидам, чаро кишоварзон бидуни ризояти онҳо ба кишти пахта маҷбур карда мешаванд?

Ӯ гуфт: «Дар ҳақиқат чунин нест. Зеро имсол мо дар 34 ҳазор гектар замини обӣ ғалла, дар наздики дуюним ҳазор гектар замин ҷуворимакка коридаем. Дар ҳақиқат, агар мо ҳосили хуб ба даст оварем, сабзавот даромади зиёд медиҳад. Вале дар шароити имрӯза барои фурӯши сабзавот мо бозори хориҷӣ надорем, чунонки дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ чунин буд. Барои ҳамин мо маҷбурем, ки пахтакорӣ кунем, чунки барои фурӯши он бозори аниқ дорем.»

Харобӣ ва камҳосилии заминҳои кишт, коркарди дастии замин, набуди техникаву нуриҳои минералӣ, коркарди ниҳоӣ наёфтани қисмати бештари маҳсулоти кишоварзӣ, ба мисли меваву сабзавот ва муҳимтар аз ҳама - набуди бозорҳои озоди фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва хариди техникаву нурӣ дар давоми понздаҳ соли ахир бахши кишоварзии Суғдро бо бӯҳрони амиқ рӯ ба рӯ кардааст. Ба иттилоъи идораи кор ва масоили иҷтимоии вилоят, феълан соҳаи кишоварзии вилоят ба ҷиҳати пардохти маоши кишоварзон дар зинаи аз ҳама поён қарор дорад.

Раҳмон Зоҳидов - сарвари идораи кор ва масоили иҷтимоии вилояти Суғд : «Аз ҳама қарзи калон бар дӯши соҳаи кишоварзист, наздики 2 миллион сомонӣ. Ин рақам дар моҳи май ба 4 миллион сомонӣ наздик буд. »

Идораи андози Суғд мегӯяд, бахши кишоварзӣ дар назди идораи андоз ба маблағи 13 миллион сомонӣ, баробари беш аз 4 миллион доллари амрикоӣ бори қарзи андоз ба гардан дорад. Дар чунин вазъ ҳафтод дар сади мардони қобили кори ноҳияи пахтакор, аз ҷумла - Ашту Конибодом ва Мастчоҳ айёми гармо ва авҷи кори кишоварзӣ Тоҷикистонро ба қасди мардикорӣ дар Русияву Қазоқистон тарк гуфтаанд.

Хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ба сабаби нодорӣ дар фасли баҳор тухмиву нуриҳои минералӣ, дастгоҳ ва дигар лавозимоти техникиро ба воситаи шартномаҳои фючерсӣ бо нархҳои гарон аз корхонаҳои дорои дар ин самт ихтисосдошта харидорӣ мекунанд ва тирамоҳ қарзи худро аз ҳисоби ҳосили ба даст овардаашон, ки ба нархи паст харидорӣ мешавад, пардохт мекунанд. Масъулини соҳаи кишоварзӣ чунин тарзи корро як роҳи ба вартаи қарзу муфлисӣ кашидани хоҷагиҳои кишоварзӣ медонанд.

Маҳмадамин Самиев - муовини сарвари идораи кишоварзии Суғд: «Арзу шикояти кишоварзони истеҳсолкунанда ба ҳама сатҳи ҳукумати ҷумҳурӣ расидааст. Мо боварӣ дорем, дар ояндаи наздик маблағгузорӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тавассути банкҳо ба роҳ монда мешавад ва онҳо метавонанд, чизҳои лозимиашонро худашон харидорӣ намоянд.»

Вале аз нигоҳи худи кишоварзон, роҳи беҳтари аз бӯҳрон берун овардани соҳа ин додани замин ба дасти кишоварзон ба сифати моликияти хусусӣ ва фароҳам сохтани имкони кору фаълияти озодона барои онҳо аст.
Дар ҳоле ки бо тасмими мақомот дар заминҳои беҳтарини Суғд танҳо пахта кишт мегардад, тақрибан 190 ҳазор гектар заминҳои лалмӣ ва хароб насиби кишти ғалла, аз ҷумла гандум шудааст. Дар соли гузашта ҳосили ғалла аз заминҳои лалмӣ ба 2-4 сентнер аз як гектар баробар буд. Дар чунин шароит барои бароварда сохтани ниёзи сокинони Суғд қисми зиёди орду биринҷ ва маводи дигари ғизоии ғалла аз кишварҳои дигар Қазоқистону Русия харидорӣ мешавад.

Бахши кишоварзии Суғд, тайи солҳои ахир бештар дар парвариши сабзавот ва асалпарварӣ бештар муваффақ будааст, то баҳори соли 2005 дар бозорҳои минтақа нархи картошкаву пиёз ва сабзӣ хеле арзон, то ба чор - панҷ кило картошка ба як сомонӣ баробар буд.
Вале мутаносибан дар бозори дохилӣ нархи гӯшт, равғани растанӣ ва тухм ҳамвора боло меравад. Дар ҳоли ҳозир нархи як кило гӯшти гов аз севуним сомонии се сол қабл, ба 7 сомонӣ, беш аз ду доллари ИМ ва равғани рустанӣ ба зиёдтар аз 1 доллар боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG