Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳоли муассисаҳои ислоҳотии наврасон дар Тоҷикистон


Як созмони дидбони ҳуқуқи башари Тоҷикистон мавсум ба "Бюрои назорат бар ҳуқуқи башар ва риояи қонунҳо" бо баргузории як нишаст, мушкилоти муассисаҳои ислоҳотии кӯдакони ин кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.
Нигина Баҳриева - раҳбари ин созмон гуфт, ширкатдорони нишаст ба зудӣ дар робита ба вазъи муассисаҳои ислоҳотии ноболиғон таҳқиқоте анҷом медиҳанд:

«Яке аз бахшҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ ин муҳаё намудани шароити назорат аз рӯйи фаъолияти муассисаҳои гуногун, аз он ҷумла муассисоти ислоҳотӣ мебошад. Агар созмонҳои ҷамъиятӣ ба ин муассисаҳо дастрасии озод дошта бошанд, дар он сурат метавонанд, вазъи воқеии муассисаҳоро муайян ва дар амал татбиқ кардани қонунҳо дар онҳоро назорат намоянд. Ин ҳам ба ҳукумат кӯмак ва ҳам аз нақзи ҳуқуқи инсон пешгирӣ мекунад. Баъдан ҷомеъа бояд донад, ки дар ин муассисаҳо шароит чӣ гуна аст.»

Нигина Баҳриева мегӯяд, ҳоло вазъи муассисаҳои ислоҳотӣ арзёбӣ нашудааст, аммо ноқисиҳо дар қонунгузории Тоҷикистон боиси ба миён омадани ҳуқуқвайронкуниҳои зиёде гардидааст. Нигина мисол меорад, ки ноболиғонро ба чунин муасисаҳои ислоҳотӣ бо қарори комиссияи кор бо ноболиғон мефиристанд, ҳол он ки дар кишварҳои мутаррақӣ танҳо додгоҳ ҳаққи гирифтани чунин тасмимро дорад:

«То кадом андоза комиссияи кор бо ноболиғон метавонад, ҳуқуқи кӯдакро маҳдуд кунад? Тибқи стандартҳои байналмилалӣ маҳдуд кардани ҳуқуқ танҳо салоҳияти додгоҳ аст. Ба муассисаи ислоҳотӣ равон кардан, ин маҳдудияти озодии кӯдак ба ҳисоб меравад.»

Тренери созмони "Ҷавонони ҳомии ҳуқуқи инсон"- и Қирғизистон Мария Лиситсина мегӯяд, омӯзиши вазъи муассисоти ислоҳотии кишвараш маълум кард, ки ғолибан ҳуқуқи кӯдакон дар ин муассисаҳо риоя намешавад:

«Дар кишвари мо муассисаҳои гуногуни ислоҳотӣ амал мекунанд, ки дар онҷо ҳуқуқи зиёди кӯдакон поймол мешаванд. Бачаҳо дар шароити фақр ба сар мебаранд ва дониши хуб надоранд, чун барномаи таълимӣ хуб ба роҳ монда нашудааст. Ва чуноне ки як раҳбари муассисаи ислоҳотӣ гуфт, мактаби махсуси онҳо боғчаи бачагонаест, ки тарбиятгирандагонаш дар оянда ба муассисоти ислоҳоти низомаш сахт равон карда мешаванд. Соли гузашта барои лату кӯби кӯдакон, якчанд мураббии мактабҳои махсуси Қирғизистон ба ҷавобгариии ҷиноӣ кашида шуданд.»

Дар Тоҷикистон як муассисаи ислоҳотии низомаш сахт, як мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ва як омӯзишгоҳи вижа фаъолият мекунад. Комилҷон Холов муовини раҳбари мактаби махсуси кишвар мегӯяд, дар мактби махсус 89 муҳассил дорад ва ҳоли ҳозир онҳо дар лагери истироҳативу корӣ қарор доранд:

«Кор ҳам як намуди тарбия аст, дар лагери истироҳатию фароғатӣ бачаҳо 3 соат кор мекунанд. Мева мечинанд ва онро барои зимистон дар банкаҳо маҳкам мекунанд. Тирамоҳу зимистон бошад маҳсули корашон танҳо барои худи онҳо истифода мегардад.»

Комил Холов меафзояд, мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ бо ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ ва вазорати маорифии Тоҷикистон барномаи таълимӣ ва низоми нигаҳдории кӯдаконро тағйир додааст.
XS
SM
MD
LG