Пайвандҳои дастрасӣ

Бунёди се нерӯгоҳ дар рӯди Зарафшон


Як ширкати муштараки русӣ ва украинӣ бо номи "Росукрэнерго" қасд дорад, дар имтидоди рӯди Зарафшон, дар қаламрави ду ноҳияи Мастчоҳ ва Айнӣ се нирӯгоҳ бунёд кунад. Тибқи иттиллои вазорати энергетикаи Тоҷикистон, коршиносон ва мутахассисини ин ширкат зимни анҷоми як сафари корӣ аз маҳалли бунёди нирӯгоҳҳо боздид ва ҳамзамон бо лоиҳаҳои сохтмони ин нирӯгоҳҳо шинос шудаанд.
Абдулло Ёров, муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир, як ҳайати коршиносон аз кишвари Чин ба манзури омӯзиши ҳолати техникии нирӯгоҳи Қайроқум дар вилояти Суғд ба сар мебарад. Интизор меравад, коршиносони чиноӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ масъалаи навсозӣ ва кӯмаки техникӣ барои ин нирӯгоҳро баррасӣ кунанд.
Баъди таҷаддуд ин нирӯгоҳ метавонад бо тамоми иқтидор фаъол шуда ва солона ҳудуди як миллиард киловатт соат барқ тавлид кунад. Абдулло Ёров, муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон афзуд, ки коршиносони чиноӣ ва ҳамчунин мутахассисин аз Ирон низ барои омӯзиши лоиҳаҳои бунёди нирӯгоҳҳо дар имтидоди рӯди Зарафшон ва ширкат дар иҷрои онҳо изҳори омодагӣ кардаанд.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG