Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Бадахшон" бо акс


Рӯзномаи вилоятии Бадахшон пас аз дувоздаҳ соли нашр бо усули қадима, яъне ҳуруфчинӣ нахустин бор дорои акс интишор шуд. Интишори рӯзнома бо кӯмаки молии ҳукумати вилояти Бадахшон, ки барои дарёфти дастгоҳҳои чопии компютерӣ 150 ҳазор сомонӣ ихтисос дод, имконпазир шуд.

Таҷҳизоти навро, ки барои нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои хурдҳаҷм пешбинӣ шудааст, ҷамъияти саҳҳомии мавсум ба "R Graf» харидорӣ ва насб кардааст. Нахустин бор пас аз дувоздаҳ сол хонандагони рӯзномаи "Бадахшон" онро ба шакли суратдор ба даст гирифтанд. То ба ҳол ягона рӯзномаи вилоятӣ, ки ҳафтае як маротиба нашр мешуд, таввасути ҳуруфчинҳо дар матбаа омодаи чоп мегардид ва бинобар иллатҳои фаннӣ ҷой додани акс дар ин рӯзнома имконнопазир буд.

Муҳаррири рӯзномаи "Бадахшон" Мирзоазиз Мирзоқандов мегӯяд: "Аввалин нашри рӯзнома, ки ҳафтаи гузашта ба табъ расид, бо усули нави компютерӣ тарроҳӣ гардид. Рӯзнома минбаъд на танҳо аз рӯи сифати чоп, балки аз ҷиҳати мундариҷа беҳтар мешавад. Акнун имконият пайдо шуд, ки вилояти Бадахшон аз вартаи қашшоқии иттилоотӣ раҳо шавад."

Рӯзномаи "Бадахшон" бо теъдоди 1000 нусха чоп мешавад ва ягона рӯзномаест, ки аз ин пас дар матбааи ҳозиразамон интишор мешавад, аммо дигар рӯзномаҳои навоҳии Бадахшон ҳамчунон бо усули қадима.
XS
SM
MD
LG