Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WHO роҳи илоҷи бемории номаълум дар Тоҷикистонро меҷӯяд


Билохира ин беморӣ вабо аст, ё исҳоли обӣ?

"Мо аз хуруҷи беморие, ки онро "исҳоли обӣ" ном гузоштанд, огоҳ ҳастем. Мо аз вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, ки ҳазорон нафар мубталои ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудаанд. Аз ҷумла, 10 нафар вафот кардаанд. Ҳоло якчанд созмони маҳаллӣ дар ин самт кор мекунанд ва мо низ дар пайи муайян кардани сабабҳои пайдоиши ин беморӣ ҳастем. Нишонаҳои он ба нишонаҳои бемории вабо монандии зиёд доранд, аммо танҳо таввасути тафтиши лабораторӣ метавон муайян кард, ки оё барангезандаи беморӣ батсиллаи вабо аст, ё чизи дигар. Мо ҳоло намунаҳоро барои ташхиси дақиқ фиристодаем ва мунтазири ҷавоб ҳастем. Умедворам, ки ҷавоби дақиқ дар тӯли ҳамин ҳафта, ё аввалҳои ҳафтаи оянда ба дасти мо мерасад."

Лутфан, дар мавриди исҳоли обӣ маълумоти бештар диҳед.

"Исҳоли обӣ" бемории рӯда аст, ки барангезандаи он асосан тавассути оби олуда ба бадани одам ворид мешавад. Ҳамчунин хӯроквории олуда бо бактерияи ин беморӣ онро ба вуҷуди инсон интиқол медиҳад.
Вале боз ҳам бояд таваҷҷӯҳ кард, ки нишонаҳои якчанд беморӣ, ба шумули вабо ба ҳам шабоҳат доранд, ва ташхиси ниҳоиро танҳо тафтиши лабораторӣ муайян мекунад.


Оё ин навъи бемориҳо табобатшаванда ҳастанд?

"Бале, агар ташхис исбот кунад, ки ин бемории исҳол аст, ё вабо ва тавассути бактерия пайдо шудааст, ин бемориҳо ба осонӣ тавассути антибиотикҳо табобат мешаванд. Чунин табобат осон аст ва натиҷаи хуб медиҳад. Сатҳи маргу мир аз ин бемориҳо хеле поин аст. Яъне дар мавриди табобат мо комилан хушбин ҳастем, вале мушкил дар он аст, ки чунин бемориҳо хеле зуд паҳн мешаванд. Агар чораҳои ҷиддӣ гирифта нашаванд, беморӣ ба зудӣ шумори бештар ва бештари одамонро фаро мегирад. Дар дасти ман рақамҳое ҳастанд, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон ба мо фиристодааст. Ба гуфтаи вазорат, ҳоло дар Тоҷикистон 1700 нафар ба шакли шадиди исҳоли обӣ гирифтор мебошанд. Тавре гуфтам, 10 нафар аз ин маризӣ вафот кардаанд. Вале мо ҳанӯз мунтазири натиҷаҳои тафтишоти худ ҳастем, то муайян кунем, ки бемории дар чанд минтақаи Тоҷикистон паҳншуда дар воқеъ чӣ гуна беморӣ мебошад."

Чӣ тавр метавон, аз паҳншавии бештари ин беморӣ дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҷилавгирӣ кард?

"Қабл аз ҳама бояд беморӣ ташхиси дақиқ шавад. Барои ҷилавгирӣ аз он бояд одамон қоидаҳои тозагиро риоя кунанд. Бисёр муҳим аст, ки пеш аз хӯрокхӯрӣ дасти худро бишӯед. Ба ҳеҷ сурат оби ноҷӯшида истеъмол накунед. Бояд итминон пайдо кунед, ки обе, ки менӯшед, ё оби ҷӯшонида аст, ё обест, ки дар зарфи сарбаста аз фурӯшгоҳ харидаед. Ғизои хом, меваю сабзавоти ношустаро ба ҳеҷ ваҷҳ нахӯред. Пӯсти онҳоро, масалан, пӯсти себро истеъмол накунед. Яъне риояти гигиена ё назофат муҳим аст. Вале такрор мекунам, фавқуллода муҳим аст, ки шумо оби ноҷӯшидаро нанӯшед. Обе, ки дар хона доред, бояд ҳадди аққал якчанд дақиқа ҷӯшонида шавад, то ки бактерияи он бимирад."

Оё баъзе анъанаҳои маҳаллӣ, аз қабили аз як табақ хӯрок хӯрдан ва ё аз пиёла чой нӯшидан ба паҳншавии исҳол мусоидат мекунад?

"На ҳатман. Исҳол бемориест, ки аз одам ба одам сироят намекунад. Ин маризӣ тавассути оби нопок, озуқаи нопухта ва ношуста ва обу ғизои олуда паҳн мешавад. Яъне агар қошуқу табақ ва дастҳо тоза шуста шуда бошанд, ва ғизо олуда набошад, якҷо хӯрок хӯрдан сабаби густариши исҳол намешавад. Албатта ба як шарт, ки шумо бо шахси шадидан бемор якҷо хӯрок нахӯред. Вале бояд гуфт, ки агар ҳангоми якҷо хӯрок хӯрдани якчанд нафар, агар дасти яке аз онҳо ношуста бошад, ӯ имкон дорад дигаронро ба беморӣ олуда кунад. Ба ҳар сурат, якҷо ғизо хӯрдан роҳи асосии паҳншавии ин беморӣ ба шумор намеравад. Роҳи асосӣ истеъмоли ғизои олуда, меваю сабзавоти ношуста ва оби ноҷӯшонида аст."

Фарқи байни вабо ва исҳоли обӣ дар чист?

"Инро метавон бо мисол шарҳ дод. Масалан, вақте касе сурфа мекунад, сурфаи ӯ метавонад, нишонаи чандин беморӣ бошад, аз қабили илтиҳоби шуш, зарари сигор, сил ва ғайра. Яъне сурфа нишони он аст, ки шуш ва роҳи нафас ягон навъ мушкил дорад. Исҳоли обӣ нишони он аст, рӯдаи одам мушкилот дорад. Исҳоли обиро якчанд навъи бемориҳо ба вуҷуд меоваранд. Яке аз онҳо вабо аст. Мо ҳанӯз мавҷудияти ваборо дар Тоҷикистон тасдиқ ё такзиб карда наметавонем. Мо медонем, ки ҳоло дар шимоли Афғонистон вабо ба таври густарда доман паҳн кардааст. Хулосаи ниҳоиро дар мавриди мавҷудияти вабо тафтиши лабораторӣ собит мекунад. Бактерияи ин бемориро "фибрио холера" меноманд."

Дуруст аст, ки чунин бемориҳо бештар дар тобистон хуруҷ мекунанд?

Бале, дуруст аст. Зеро ҳоло ҳаво гарм аст. Дар ҳавои гарм одамон бештар оби дарёҳоро бо шустани ҳар чиз олуда мекунанд. Ҳоло мавсими меваю сабзавот аст. Шояд баъзеҳо барои обёрӣ шабакаҳои оби олударо истифода мекунанд. Аз ин об метавонад, бактерияи "фибрио-холера" ба сабзавот ҳамроҳ шавад, ки одамон онҳоро дар салат истифода мекунанд.

Ҷилавгирӣ аз тавсиаи ин бемориҳо масъулияти кист - масъулияти худи одамон, масъулияти табибон ё вазифаи мақомоти расмӣ?

"Ин маҳз масъалаест, ки ман мехоҳам, сари он таъкид кунам. Ин масъулияти умумӣ аст. Мо наметавонем, танҳо ҷомеа, ё танҳо мақомотро масъул хонем. Аввалан, бояд ҳама аз вазъият огоҳ бошанд. Одамон бояд аз роҳҳои эҳтиёт ва ҷилавгирӣ аз ин беморӣ огоҳ бошанд. Ба вижа, бояд донист, ки кӯдакон дар муқобили чунин бемориҳо осебпазир ҳастанд. Бояд тозагиро риоя кард. Бояд ташноб аз шабакаи оби ошомиданӣ дур бошад. Оби ташноб бояд ба боғу киштзор ҷорӣ нашавад. Бояд муаллимон ва падару модарон ба бачаҳо фаҳмонанд, ки меваро аз дарахт гирифта, ношуста хӯрдан мумкин нест. Албатта, бояд мақомот низ чораҳои ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемориро пиёда кунанд. Табибон танҳо дар марҳилаи беморӣ кӯмак мекунанд. Яъне ҷилавгирӣ аз беморӣ масъулияти ҷомеа мебошад. Табибон барои табобати он кӯмак мекунанд. Духтур бояд давоҳои дуруст ва роҳҳои беҳтарин ва сареътарини табобатро таъйин кунад."
XS
SM
MD
LG