Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми футболи Осиё - 2007: Бо Тоҷикистон ё бе он?


Дар мусобиқа барои дарёфти ҷоми футболи Осиё - 2007 бисту панҷ тими мунтахаб бар асоси дархости федератсияҳои миллии футбол ширкат хоҳанд кард. Мувофиқи рӯйхати интишорнамудаи AFC ва ё конфедератсияи футболи Осиё минтақаи Осиёи Марказиро танҳо Узбакистон намояндагӣ хоҳад намуд. Дар ҷоми Осиё ҳамчунин тимҳои Австралия, Баҳрайн, Бангладеш, Чин, Тайван, Ҳонконг, Ҳиндустон, Ирон, Ироқ, Ҷопон, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, Лубнон, Уммон, Фаластин, Покистон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Шри - Ланка, Сурия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Яман низ ширкат мекунанд. Австралия барои нахустин бор дар Ҷоми Осиё бозӣ хоҳад кард.

Ва аммо дар мавриди Тоҷикистон, Шералӣ Давлатов, дабири кулли федератсияи футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бино ба иттилоъи масъулини конфедератсияи футболи Осиё дархости федератсияи футболи Тоҷикистон унвонии AFC барои ширкати тими миллии ин кишвар дар Ҷоми Осиё - 2007 бо таъхир ворид шудааст ва ба ин далел Тоҷикистон ба рӯйхати ширкаткунандагони мусобиқаи мазкур шомил нашудааст.

Вале, афзуд ҷаноби Давлатов, федератсияи футболи Тоҷикистон аз раҳбарияти AFC хоҳиш кардааст, ки барои ширкати Тоҷикистон дар ин мусобиқа мусоидат намояд. Тимҳои ширкаткунандаи мусобиқаи интихобии ҷоми Осиё -2007 тибқи қуръапартоӣ, ки 4 январи соли 2006 баргузор мешавад, ба шаш гурӯҳ тақсим хоҳанд шуд. Мусобиқаи гурӯҳӣ дар Индонезия, Малайзия, Тайланд ва Вйетнам 28 феврали соли оянда оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG