Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саҳми Ҷопон барои ҳифзи осорхонаи миллӣ


Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯби як барномаи кӯмакҳои фарҳангӣ ҳудудан 500 000 доллари амрикоӣ қарзи билоивазро дар ихтиёри осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон гузошт. Юичи Кусумото, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон пас аз супоридани кӯмаки мазбур ба осорхона дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар Тоҷикистон намунаҳои қадимтарин ва нодиртарини осори бостонии шарқро сар аз сиккаҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ то пайкараи Буддо метавон пайдо кард ва бояд ин осори бебаҳо дар шароити мусоид нигаҳдорӣ шавад, то тавонад, чандин садсолаҳои дигар таъриху тамаддуни шарқро ба ояндагон бозгуйӣ кунад. Бобомурод Садиров, мудири осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон гуфт, ҳамакнун, бостоншиносони тоҷик имкон пайдо кардаанд, ки кулли нигораҳо ва ашёи қимматбаҳои таърихиро дар шароити мусоид ва амн нигоҳ доранд ва сиккаву асбобҳои нуқраву тиллоии осорхонаро бо таҷҳизоти ҷадид тармим ва барқарор созанд, ҳайкалу пайкараҳои нодирро аз тахрибшавӣ эмин доранд. Сафири Ҷопон дар Душанбе рӯзи 16 август ҳамчунин аснодеро дар мавриди дар ихтиёри консерваторияи миллии Тоҷикистон гузоштани беш аз 400 000 доллари амрикоӣ қарзи билоиваз барои тармими бинои донишгоҳ ва таъмини он бо таҷҳизот ва асбобҳои нави мусиқӣ ба имзо расонид.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG