Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонги хатари таҷҳизоти назорат бар кӯли Сарез


Танҳо бо гузашти зиёда аз як моҳ намояндагии Банки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон хабар дод, ки шабакаи огоҳкунанда дар кӯли Сарез рӯзи 13-уми июл бонги хатар задааст. Ин таҷҳизот, ки ба воситаи моҳвора вазъи ҳаминлаҳзагии кӯлро нишон медиҳад, иттилоъ додааст, сатҳи об дар наздикии сарбанди Усой дар ҳар соат зиёда аз як сантиметр боло рафта, идома ёфтани ин афзоиш метавонист, сабаби фалокати бузург дар Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Туркманистон ва шимоли Афғонистон шавад.
Дар изҳороти БҶ гуфта мешавад, бо расидани ҳушдор гурӯҳи коршиносон ба минтақа фиристода шуд ва ҳоло онҳо вазъи кӯлро мустақиман зери назар доранд. Бо вуҷуди он ки хатар чандон ҷиддӣ набудааст, ин аввалин санҷиши таҷҳизоти огоҳкунанда шумурда шуд.
Кӯли Сарез дар соли 1911 бар асари заминларза ва фурӯафтии кӯҳпорае пайдо шуд, ки роҳи рӯдхонаи Усойро баст. Фурӯпошии сарбанд мавҷи нирӯманди оберо ба водии рӯдхонаҳои Бартанг, Панҷ ва Омӯ равона карда, ҳаёти зиёда аз 5 миллион нафарро зери хатар мегузорад. Шабакаи огоҳкунанда дар кӯли Сарез бо кӯшишҳои БҶ сохта шуд. Дар изҳороти БҶ гуфта мешавад, ки мумкин аст, сарбанди Сарез ҳеҷ гоҳ рахна набинад, вале акнун Тоҷикистон ва ҳамсоягонаш омодаанд, ки ба паёмадҳои азими ин фалокат роҳ надиҳанд. Аммо ҳушдори шабака дар рӯзи 13-уми июл ягон огоҳие ва ё омодагириеро ба думбол надоштааст. Ҳамчунин маълум нест, ки чаро баъд аз як моҳ Банки ҷаҳонӣ, тасмим гирифт, аз ин воқеъа хабар диҳад.
XS
SM
MD
LG