Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи бенатиҷаи кӯҳнавардони бритониёӣ


Ҷустуҷӯи ду кӯҳнаварди бритониёӣ, ки ҳангоми фатҳи қуллаи Револютсияи Помир нопадид гаштаанд, бенатиҷа анҷом ёфт. Бино ба иттилоъи Геннадий Герасименко, масъули маркази кӯҳнавардии «Алп-Машков»-и Тоҷикистон ҳашт кӯҳнаварди бритониёӣ нимаи моҳи июни соли равон барои фатҳи қуллаи Револютсия, ки баландиаш наздики 7 ҳазор метр аст, ба Тоҷикистон омада бе хидмати роҳбаладон дар талоши фатҳи қулла шуданд. Ва танҳо баъди як ҳафтаи нопадид гаштани ду кӯҳнаварди бритониёӣ ҳамватанони онҳо дар ин бора ба сафорати Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд. Дар нимаи моҳи июл роҳбарони ин сафорат ба маркази кӯҳнавардии «Алп--Машков» барои кӯмак дар ҷустуҷӯи кӯҳнавардон муроҷиат карданд. Ба гуфтаи ҷаноби Герасименко, кормандони хадамоти наҷотбахшии марказ барои ҷустуҷӯи кӯҳнавардони бритониёӣ, аз ҷумла чандин бор тавассути чархбол кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд, вале аз кӯҳнавардони ғайбзада ягон нишоне ба даст наомадааст. Бинобар ин, марказ кори ҷустуҷӯи кӯҳнавардонро қатъ намуда дар ин бора ба сафорати Бритониёи Кабир иттилоъ додааст.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG