Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истирдоди гумонбар ба куштор аз Русия ба Тоҷикистон


Як шаҳрванди Тоҷикистон, исмаш Султонмурод Саидов, аз сӯи мақомоти интизомии Русия боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол шудааст. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, Султонмурод Саидов бо ҷурми куштор ва ғорати амволи мардум дар ноҳияи Ваҳдат, 30 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, тайи солҳои 1995 то 2000 гумонбар дониста шуда алайҳи ӯ ҳанӯз 5 сол қабл парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо номбурда тӯли ин солҳо дар шаҳрҳои мухталифи Русия паноҳ мебурдааст. Маҳмадулло Асадуллоев, корманди маркази матбуоти ВКД-и Тоҷикистон гуфт, вай узви як гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор буда дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат ба ҷиноятҳои вазнин ба монанди куштор ва дуздӣ машғул будааст. Тафтиши ин қазия дар ҳоли ҳозир идома дорад ва мақомоти интизомӣ ба хотири халал ворид накардан ба рафти тафтишот додани иттилооти бештар худдорӣ карданд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG