Пайвандҳои дастрасӣ

Пешсаф боз иваз шуд


«Тоҷиктелеком» (Қӯрғонтеппа) 6 - 4 «Гвардия» (Душанбе)
«Ориёно» (Душанбе) 3 - 1 «Ҳулбук» (Восеъ)
«Меҳнат» (Колхозобод) 1 - 1 "Динамо" (Душанбе)


Тими футболи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа баъд аз ғалаба бар «Гвардия»-и Душанбе бо сездаҳ имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт. Тими «Ориёно»-и Душанбе бо дувоздаҳ имтиёз мақоми дуввумро ишғол мекунад. Боз ду даста: «Фархор»-и Фархор ва «Ваҳдат»-и Ваҳдат» низ дувоздаҳимтиёзӣ ба даст овардаанд, вале мувофиқи таносӯби тӯбҳо мутаносибан дар зинаҳои севвуму чаҳорум ҷойгир шудаанд .Тими «Динамо»-и Душанбе бо ёздаҳ имтиёз дар ҷойи панҷум мебошад. "Меҳнат" бо ҳафт имтиёз дар зинаи шашум мавқеъ дорад. Дастаҳои «Гвардия» ва «Ҳулбук», ки сеимтиёзӣ ба даст овардаанд, дар зинаҳои охирини ҷадвал - ҳафтуму ҳаштум қарор гирифтаанд. Ба ин тартиб, чаҳор даста - «Ваҳдат», "Меҳнат», "Гвардия» ва «Ҳулбук» бозиҳои давраи аввали мусобиқаро ба поён расонданд. Тими тозатаъсиси «Ориёно», ки ба мусобиқа дертар роҳ дода шуд, боз се бозӣ анҷом хоҳад дод. Ин даста 17 август дар меҳмонӣ бо «Динамо», 20 август дар майдони худ бо «Фархор» ва 24 август дар Қӯрғонтеппа бо «Тоҷиктелеком» зӯрозмоӣ хоҳад кард. Ба назари коршиносон, тими «Ориёно», ки то ҳоло ба мағлубият дучор нашудааст, муддаии аслии мақоми аввал маҳсуб мешавад. Фозил Сатторов, ҳамлагари «Тоҷиктелеком», ки ба дарвозаи ҳарифонаш ҳафт гол задааст, дар рақобатҳо миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа мақоми аввалро ишғол мекунад. Темур Нурматов аз дастаи «Гвардия», ки шаш гол задааст, дар ҷойи дуввум қарор дорад.
XS
SM
MD
LG