Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳкум ба 30 соли зиндон шудани як шаҳрванди афғон


Ахиран додгоҳи шаҳри Душанбе Сайид Муҳаммадқосими Камолиддин, як табааи Афғонистонро, ки дар пойтахти Тоҷикистон ба сар мебурд, ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ оқои Камолиддинро дар ҷиноёти куштор, авбошӣ, роҳзанӣ ва ғорати амвол муттаҳам донист. Муҳаббат Шамсиддинова, додраси додгоҳи пойтахт, ки баррасии парвандаи ҷиноии оқои Камоллидинро анҷом додааст, гуфтааст, ба ҳангоми баррасӣ ҳамаи иттиҳомоти ворида алайҳи Сайид Муҳаммадқосими Камоллидин тасдиқи худро ёфт.

Ба иттилоъи ҳамин манбаъ, ин табааи Афғонистон, ки дар Душанбе ба тиҷорат машғул будааст, ҳамсари худро маҷбур мекунад, то дар ғорати пул ва тиловории падарарӯсаш ба ӯ роҳнамоӣ кунад. Азбаски хоҳиш ва тақозои мукаррари ӯ аз сӯи ҳамсараш пазируфта намешавад, ибтидо ба таҳдид ва шиканҷаи аҳли байти падарарӯсаш, ки дар ин миён дар Афғонистон ба сар мебурд, пардохта ва сипас бо зарби паёпайи корд хонумашро ба қатл мерасонад. Дар пайи қатли ҳамсар ҳамчунин ба ҳамин усул, яъне бо зарби корд яке аз хоҳарарӯсонашро ба қатл расонида ва аъзои навраси ин хонавода Ромини 14-сола ва Покизаи 10-соларо захмӣ мекунад. Танҳо кӯмаки саривақтии табибон ин ду нафари ахирро аз марг наҷот медиҳад.

Ба ҳамин тартиб, барои бори аввал аст, ки як табааи Афғонистон ба чунин муддати тӯлонӣ дар Тоҷикистон маҳкум мешавад. Тибқи ҳукми додгоҳ, Сайид Муҳаммадқосими Камолиддин, шаҳрванди маҳкумшудаи Афғонистон, сӣ соли ҳаёти худро дар зиндони низомаш сангин ба сар хоҳад бурд.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG