Пайвандҳои дастрасӣ

Саноати Суғд:дили дардманди иқтисоди Тоҷикистон


Хуҷанд. Дар вилояти Суғд наздики 220 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 70 корхонаи муштарак арзи вуҷуд доранд. Ин корхонаҳо дар давоми соли 2004 , ба маблағи беш аз 650 миллион сомонӣ, баробари 215 миллион доллари амрикоӣ мол тавлид кардаанд, ки аз маҳсулоти кишоварзии минтақа тахминан 50 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

ОМОРИ ДИЛГАРМКУНАНДА
Саноати минтақаи шимолии Тоҷикистон, ба нишондоди кумитаи омори вилоят, дар чаҳор соли ахир рушди қобили мулоҳизае доштааст ва дар ин муддат нирӯи тавлидотии ин бахш ҳамасола то 10 дар сад афзоиш ёфтааст.
Масалан, дар нимсолаи аввали соли равон маҳсулоти саноатӣ беш аз ҳафт дар сад афзудааст. Дар ин давра, ба иттилоъи кумитаи иқтисоди ҳукумати Суғд, ба иқтисоди вилоят аз ҷониби кишварҳо ва ниҳодҳои кӯмакрасони хориҷӣ беш аз 31 миллион доллари амрикоӣ сармоя ворид гаштааст. Мутахасассини маҳаллӣ мегӯянд, дар ҳоли ҳозир вилояти Суғд 25 дар сади маҷмӯи маҳсулоти саноатии Тоҷикистонро истеҳсол мекунад.

Анвар Ёқубов - ёвари раиси вилояти Суғд дар умури иқтисодӣ: «Дар ин давра соҳаи саноати вилоят дар маҷмӯъ ба маблағи беш аз 329 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳафту аз даҳ як фоиз зиёд мебошад. Имрӯзҳо сохтор ва ихтисоси саноати вилоят низ тадриҷан дигаргун гаштааст. Агар замони шӯравӣ қисми асосии маҳсулоти саноатӣ аз маҳсулоти дорои аҳамияти низомӣ иборат бошад, ҳозир саҳми соҳаи саноати сабук бист ва коркард беш аз 37 дар сади маҷмӯи умумии маҳсулоти саноатии вилояти Суғдро ташкил медиҳад.»
Ба гуфтаи оқои Ёқубов, корхонаҳои саноатии Суғд бештар дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди пахта муваффақ будаанд.

ДАРДҲОИ ЗИЁД

Аммо бо ин ҳама, ба гуфтаи таҳлилгарони Суғд дар умури саноат, рушди оҳиста ва пешрафтҳои нисбӣ ҳанӯз нирӯи тавлидотии ин соҳаро ба дараҷаи понздаҳ соли қабл наовардааст. Дар он давра саҳми шимоли Тоҷикистон дар тавлиди маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар ба 40 дар сад баробар буд. Дар бӯҳрони иқтисодии кунунии Тоҷикистон аксари корхонаҳои саноатии собиқи Суғд бо иқтидори пешини худ фаъолият намебаранд. Ба хусус корхонаҳои собиқи ба истилоҳ дорои аҳамияти ҳарбӣ ва ё силсилаи корхонаҳои мавсум ба «Востокредмет», ки дар нимаи дуввуми асри гузашта ба коркарди маъдани уран ихтисос дошт, камтар аз ними даромади бахши саноати Суғдро ҳосил мекард. Ин корхонаи пуровоза дар ҳоли ҳозир қудрати пешини истеҳсолии худро аз даст додааст. Чаро?

Музаффар Юнусов - муовини аввали сарвари корхонаи «Востокредмет: «Коркарди урани Тоҷикистон асосан то нимаи солҳои ҳафтодуми асри гузашта давом карда, баъдан ба сабаби бесуд будани коркарди маъданҳои урани минтақа қатъ гардид. Пас аз ин ба корхона маъдани уранро аз берун аз қаламрави Тоҷикистон меоварданд, аз Узбакистон, Қазоқистон, Булғористон, Чехия, Олмон. Коркарди маҳсулоти техногении уран то соли 2000-ум идома ёфт. Аммо дар тӯли солҳои ахир коркарди ин металл пурра қатъ шудааст.»

Оқои Юнусов сабабҳои аслии нофаъол будани корхонаро дар гусастани риштаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни давлатҳои пешини шуравӣ ва аз ҷониби ҷамоҳири ҳамсоя дар инҳисори иқтисодӣ мондани Тоҷикистон мебинад: «Монеъа асосан аз ҷониби ҷумҳурии Узбакистон эҷод мешавад. Барои интиқоли баъзе маҳсулот иҷозаи парламенти ин кишварро гирифтан лозим меояд ва ин ҳолат моро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ сохтааст.»

Музаффар Юнусов - муовини сарвари корхонаи «Востокредмет» афзуд, дар ин ҳолат барои дурнамои фаъолияти корхона ивази самти истеҳсолии он дар назар гирифта шудааст. Ва бо кӯмаки маблағгузории хориҷӣ. Се сол қабл дар заминаи «Востокредмет» корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида ба тавлиди гудохтаи фулузи ферромолибден шурӯъ кард ва имсол то 600 ҳазор тонн тавлиди ферромолибден тарҳрезӣ гаштааст. Ҳамчунин, дар корхонаи «Востокредмет» ягона корхонаи заргарӣ дар вилояти Суғд фаъолият мекунад.

ХАРСАНГҲОИ САРИ РОҲ

Аммо коршиносони Суғд аз чанд авомили умдае ёдовар мешаванд, ки аз рушди озод ва босуръати саноат дар вилояти Суғд, чун дар манотиқи дигари Тоҷикистон ҷилавгирӣ мекунанд. Омилҳои аввал, таври маълум - пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз ҳам гусастани робитаҳои иқтисодии байни ин давлатҳои тозаистиқлол ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд. Дар он давра дастгоҳ ва амволи бархе аз корхонаҳои саноатии кишвар ба тороҷ рафтааст. Ба сабаби рақобатнопазирии аксари кулли амволи истеҳсоли дохилӣ ва ба иллати дастнорасӣ ба бозори ҷаҳонӣ сохтори иқтисодӣ ва саноатии Тоҷикистон, аз ҷумла Суғд комилан дарҳам шикаст.

Дар пайи ин як ҳодисаи дигар, ба назари таҳлилгарони умури саноатии минтақа, саноат ва умуман - иқтисоди кишварро ба чоҳи муфлисӣ амиқтар бурд. Ин барномаи ислоҳи пулии соли 1996 дар Тоҷикистон мебошад. Барномаи давлатии ислоҳи пулӣ сомониро дар кишвар воситаи миллии муомилоти иқтисодӣ ҷорӣ кард. Ва тамоми дороӣ ва амволи гардони корхонаҳои қаламрави кишвар ба як сомонӣ дар муқобили 1200 рубли онвақта арзгузорӣ гашт. Ин иқтисод ва саноати Суғдро, чун дар манотиқи дигари кишвар, ба ботлоқи касодии амиқ кашид.

Бобоҷони Икром - таҳлилгари Суғд дар умури саноат мегӯяд, феълан ду омили асосии асосии дигар саноати Тоҷикистонро аз рушд бозмедорад: сиёсати номуносиби ҳукумат дар мавриди додани қарзҳои бонкӣ ба корхонаву соҳибкорон, назорати шадид ба фаъолияти корхонаҳои саноатии хусусӣ аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ бо ривоҷи ривоҷи фасоду коррупсия:
«Имрӯз фоизи қарзи пешниҳодии солонаи бонкҳои Тоҷикистон 36 фоизро ташкил медиҳад. Боз 10-12 фоизи дигар ришва талаб мекунанд. Дар маҷмӯъ 48 дар сад вомро ба бонк пардохт кардан зарур меояд. Кадом раҳбари корхонаи санъатӣ ва ё кадом соҳибкор бо ин воми дандоншикан созиш ва истифода мекунад? Ба иллати чунин сиёсати нодурусти бонкӣ имсол дар шимоли Тоҷикистон бисёр корхонаҳои хусусии хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолияти худро қатъ намуданд. Вақти он расида, ки дар Тоҷикистон ҳар чӣ зудтар ислоҳоти банкӣ гузаронида шавад ва давлат ба истеҳсолкунандагон, новобаста аз шакли моликияти онҳо, дарёфти воми ҳади аққал бо даҳ фоиз суди солонаро кафолат бидиҳад. »

Вале назорати шадиди ниҳодҳои давлатӣ бар фаъолияти корхонаҳо ва истеҳсолкунандагон, ба назари оқои Икромов сахттарин саддест, ки роҳи рушди иқтисод ва саноати Тоҷикистонро пешбанд намудааст:

«Дар Тоҷикистон теъдоди ниҳодҳои назораткунанда хеле зиёд шудааст. Имрӯз дар кишвар 54 ё 56 ниҳод ҳуқуқи тафтиши фаъолияти корхонаҳо ва соҳибкоронро доранд. Дар ин ҳолат вой бар ҳоли истеҳсолкунанда! Истеҳсолкунанда тамоми дувоздаҳ моҳи сол вақтро барои сарфи қабулу гусели нозирон сарф мекунад. Ва дар чунин маврид, ки дар Тоҷикистон коррупсия ривоҷ ёфтааст, аз нумӯъи озод ва босуръати иқтисодиёт ва саноат сухан гуфтан барвақт аст.»

Ҳамчунин, коршиносони Суғд дар умури иқтисод ва саноат, кундии суръати хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, кӯҳнаву фарсудагии пойгоҳи техникии онҳо, бӯҳрони энергетикӣ ва норасоии мутахассисинро аз омилҳои дигаре мешуморанд, ки раванди эҳё ва рушди иқтисоду саноати минтақаро кунд сохтааст.
XS
SM
MD
LG