Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осоишгоҳи ҷавонони тоҷику афғон


Дар маҳаллаи Навободи ноҳияи Шуғнон урдӯгоҳи ҷавонони Тоҷикистону Афғонистон мавсум ба "Дӯстӣ" ифтитоҳ ёфт. Ӯрдугоҳ бо мусоидати созмони ғайридавлатии "Милал-Интер" ва кӯмаки молии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таъсис шудааст. Раҳбари "Милал-Интер" Боймуҳаммад Алибахшов гуфт, дар ин урдӯгоҳ 50 нафар ҷавонони синни 16 то 19-сола ба таври мусовӣ аз Бадахшони Тоҷикистон ва аз манотиқи наздимарзии Бадахшони Афғонистон ба тафреҳ ва таълим фаро гирифта шуданд.

Боймуҳаммад Алибахшов доир ба ҳадафҳои таъсиси урдӯгоҳ гуфт: "Ҳадаф на танҳо истироҳати ҷавонон, балки омӯзондани ҷавонон ва омода сохтани онҳо барои ҳаёти оянда, яъне таълими соҳибкорӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ ва иштироки фаъол дар тиҷорати наздисарҳадӣ ва дигар корҳое, ки ба онҳо ва ватани онҳо зарур аст. Ҳамаи ин ҷавонон асосан фарзандони кишоварзон ҳастанд."

Котиби консулгарии Афғонистон дар Хоруғ Абдулҳакими Ҳаким ҳузури ҷавонони Афғонистонро дар ӯрдугоҳи муштарак барои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва фарҳангии насли ҷавони Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон боаҳамият арзёбӣ кард. Намояндаи консулгарӣ анъана, мушкилоти оилавӣ ва бархе аз тафовутҳои фарҳангиро монеъи ширкати теъдоде аз духтарони афғонӣ, ки мебоист ба тафреҳ ва таълим дар урдӯгоҳ ҷалб мешуданд, арзёбӣ кард. Таълиму тафреҳ дар урдӯгоҳ 15 рӯз идома меёбад.
XS
SM
MD
LG