Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар муаррифии ду сафир


Латифи Латиф

Сафири Тоҷикистон дар Амрико Ҳамроҳхон Зарифов ва сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд дар толори ба номи Роналд Рейган дар Вашингтон бо соҳибкорон, сиёсатмадорон ва пажӯҳишгарони Иёлоти Муттаҳида мулоқот карданд. Онҳо дар бораи вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз қонунгузориҳои мусоид ва имтиёзи сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон, самтҳои ояндадори иқтисодиёти ин кишвар, аз ҷумла энергетика, саноати сабук, ҷаҳонгардӣ, коркарди маъдан ва ғайра сӯҳбат карданд.
Мурод аз ин нишасти муштарак муаррифии васеътари Тоҷикистон дар доираҳои бизнеси Амрико ва ҷалби сармоягузориҳои нав ба иқтисодиёти Тоҷикистон аст. Нишастро Маркази ҳамкориҳои иқтисодии Амрико бо кишварҳои шӯравии собиқ баргузор кард, ки аз ташкил шуданаш дар соли 1992 то имрӯз ба вуруди 4 миллиард сармояи амрикоӣ ба ин мамолик мусоидат кардааст.
Латифи Латифӣ, Ню-Йорк
XS
SM
MD
LG