Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиқи тоҷирони Амрико ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон


Латифи Латиф

Дар мулоқоти муштараки сафири Тоҷикистон дар Амрико Ҳамроҳхон Зарифов ва сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд бо соҳибкорон, сиёсатмадорон ва пажуҳишгарони Амрико дар толори ба номи Роналд Рейган дар Вашингтон имконияти ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар баррасӣ шуданд. Ҷаноби Зарифов вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва барномаҳои иқтисодии Тоҷикистонро муаррифӣ карда, қонунгузориҳои Тоҷикистон барои сармоягузорӣ мусоид хонд ва гуфт, кишвараш барои тоҷирони хориҷӣ имтиёзҳои фаровон муқаррар кардааст.
Вай ҳамчунин дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, саноати сабук, ҷаҳонгардӣ, коркарди маъдан ва сангҳои қимматбаҳоро шарҳ дод. Дар ҳамин ҳол сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд имкониятҳои ҳамкории соҳибкорони амрикоиро бо Тоҷикистон низ дар бахшҳои истеҳсоли нерӯи барқ, истихроҷи маъдан, ҷаҳонгардиву ва кишоварзӣ беназир арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ бунёди пули ҷадид бо маблағгузории ҳукумати Амрико, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам васл мекунад, ба равнақи иқтисодии ҳар ду кишвар такони нав хоҳад бахшид. Мулоқоти сафирон бо соҳибкорони амрикоӣ бо ташаббуси Маркази ҳамкориҳои иқтисодӣ доир шуд. Ин марказ соли 1992 аз ҷониби ҳукумати Амрико таъсис ёфтааст ва то кунун бо машваратҳои он 4 миллиард доллари амрикоӣ ба ҳайси сармоя ва кӯмакҳои молӣ аз ҷониби сохторҳои ҳукуматӣ ва ширкати Иёлоти Муттаҳида ба иқтисоди кишварҳои муштаракулманофеъ ворид шудааст. Раёсати марказ мегӯяд, ин вохӯрӣ ба имкониятҳои сармогузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди ин кишвар таъсиси муҳим хоҳад дошт.
Латифи Латифӣ, Ню Йорк
XS
SM
MD
LG