Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қавли Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон


Бонки Осиёии Рушд гуфт, тибқи барномаи кӯмакии наваш ба Тоҷикистон, тавваҷӯҳро ҳамчунон ба рушди деҳоти ин кишвар, тармими зербунёдҳо ва ҳамкориҳои минтақавӣ равона кард. Ахиран Шӯрои мудирони ин бонк Барномаи стратегии кӯмак ба Тоҷикистонро барои солҳои 2006-2008 тасдиқ кард. Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, то се соли дигар Бонки Осиёии Рушд барои татбиқи барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон 79 миллион доллар ҷудо мекунад, ки 23 миллион доллари он кӯмакҳои бебозгашт мебошанд.
Бонки Осиёии Рушд дар иттилоияи расмӣ навишт, бо вуҷуди он ки сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар зарфи 4 соли ахир аз 82 дар сад то 64 фоиз коҳиш ёфтааст, аммо даромади рӯзонаи мардум ночиз аст ва Тоҷикистон ҳамчунон яке аз кишварҳои фақири ҷаҳон боқӣ мемонад.
Ин ниҳоди молии байналмилалӣ гуфт, ислоҳоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар солҳои ахир кунд будааст. Афзудани қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 180 миллион доллари соли 2003 то 214 миллион доллар дар охири соли 2004 боиси коҳиши фоидаи кишоварзон ва фақиртар шудани онҳо шуд. Ин падида ҳамчунин тавлиди маҳсулоти кишоварзиро дар Тоҷикистон кам кардааст.
Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки Осиёии Рушд пайваста ва аз он замон то кунун аз ин бонк тақрибан 245 миллион доллар қарзу кӯмакҳои бебозгашт дарёфт кардааст.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG