Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кистанд ҷавонони мо?


Салом Радиои Озодӣ.
Мавзӯи хуберо дар бар доред, ҷавонон доимо ояндаи миллат буданд ва мемонанд. Ҳеҷ вақт аз ёд набароред, оянда ин ояндаи ҷавонон аст, чӣ қадаре ки одамони бузурги мо имрӯзҳо ба ҷавонон таъбири "насли гумшударо" часпонида бошанд ҳам, аммо ҷавонон ояндаи ҳамаи давлатҳои рӯи замин мебошанд. Шахсиятҳои бузург фикр мекунанд, ки дунё дар гирди онҳо чарх мезанад, аммо аз ёд набароранд, ки дунё худ ах ду чарх мезанад, на дар атрофи онҳо. Ин дунё барои касе абадӣ нест ва барои ҳамин барои ояндаи хубу аълоямон ба ҷавонони рушанфикр ёрии худро дареғ надоред.
Бо эҳтироми бузург,
Музаффар Худойқулов

"Ин хусусияти ҳама давру миллатҳо аст, ки калонсолҳо худро хубтар назар ба насли наврас мешуморанд. Ба фикри ман, дар мисоли Тоҷикистон ин баръакс аст. Ҷавонони мо мероси ниҳоят ночизеро соҳиб ҳастанд, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам сиёсиву, иҷтимоӣ ва институтҳои асосии ҷамъияти шаҳрванди мисли ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳои хабарии озод... ва ҳоказо. Бинобар ин, ҷавонони мо саволи "Оё насли пештара ба мо чӣ мерос мондааст?"-ро бе ҷавоб монда, ба саволи "мо ба насли оянда чӣ хоҳем дод" посух ҷустуҷу кунанд.
Озодихоҳ"

"Ман фикр мекунам, вақте ки мо дар бораи як насл ва ё як қишри ҷомеа менависем, бояд 2 унсури муҳимро фаромӯш накунем: 1. Ӯҳдадориҳо. 2. Ҳаққу ҳуқуқ. Агар ҳар қишри ҷомеа танҳо яке аз инҳоро талаб кунаду дар фикри дигараш набошад ва тавозун дар байни ду унсур ба ҳам хӯрад, ҷомеа ба мушкил рӯбарӯ мешавад.
Ӯҳдадориҳои ҷавонон:
Чӣ хеле ки Абраҳам Линколн, собиқ раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, шумо напурсед, ки ватан барои шумо чи кард, балки аз худ бипурсед, ки шумо барои ватан чи кардед. Агар ин саволро, мо, ҷавонони Тоҷикистон, ба худ бидиҳем, ҷавоби хубе нахоҳем гирифт. Ин дар бахши ӯҳдадориҳо ва иҷрои онҳо.
Аммо ҳуқуқи ҷавонони тоҷик:
Ҷаноби Муҳиддини Кабирӣ хуб гуфтанд, ки набояд ҳамаи гуноҳро бар дӯши ҷавонон гузошт. Бале, мероси насли калонсол чандон ҷолиб нест ва мо ҷавонон давоми онҳоем. Ҳар қадаре ки онҳо барои мо шароити хубтар созанд, мо хубтар метавонем ба ҷомеаи худ кӯмак кунем.
Фардо:
Дар баробари ҳамаи ин бояд фаромӯш накунем, ки насли оянда аз мо ҳамин чизеро хоҳад хост, ки мо имрӯз аз насли калонсол талаб дорем.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов,
донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии Исломобод
"

"Ба назари банда, ҷавонони мо имрӯз бе сарвар ҳастанд ва худро аз сиёсат канор мегиранд. Шояд онҳо ба сарварони сиёсии ҷомеа бовар надоранд ва аз байни худашон сарварони мӯътамад ҳанӯз ба майдон набаромадаанд, вале ба ҳар ҳол онҳо ҳанӯз худро озод ҳис намекунанд ва ҳис намекунанд, ки онҳо метавонанд, зиндагии имрӯзаи Тоҷикистонро дигар созанд ва мо имрӯз аз гузаштагони худ фахр мекунем ва ҳоло бошад аз мардикорони дар Русия парокандаи худ чи умедвор ҳастем, ки онҳо имрӯз аз ҳаққи худ истифода бурда наметавонанд.
Бобои Умарбекзод"

"Ман фикр мекунам, ки давраи сангини азҳампошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо айби насли калонсол кишвари моро ба ҷангу хунрезӣ кашид, ба тафаккури ҷавонон таъсир гузошт. Бо вуҷуди ин ман ҷавононро "насли гумшуда" намешуморам. Ҷавонон шояд вақте фаъолтар хоҳанд шуд, ки насли калонсол омода бошад, ки ба онҳо ҷо диҳад. Охир, аввал бояд имконияти кор кардан бошад ва баъд баҳо додан ба ин кор. Дар ягон сатҳи ҳукумат мо ҷавононро намебинем. Насли калонсол, монанди даврони брежневӣ мехоҳад, то охири умр ҳокимият ронад. Саволи дигари муҳим низ дар миён аст, ки чаро, мо ҷавонон, ягон ҳизби сиёсии худро надорем? Узр, ки вақти зиёд надоштам, ҳамаи фикрамро нависам.
Саломат бошед.
Мастура Сиддиқова, Хуҷанд

"Ҷавонон дар ҳақиқат ояндаи миллат мебошанд ва дар айни ҳол онҳо насли гумшуда ҳам ҳастанд, зеро то ҳол зимоми корҳое ки бояд ҷавонони болаёқат сари кораш бошанд, дар дасти онҳо нест. Ҷавонон дипломҳо дар даст дар бозорҳо саргардонанд ва як қисми дигари онҳо дар Русия ва дигар мамолик машғули кори сиёҳанд. Пас чи гуна онҳо ояндаро барои миллат месозанд ва чи ояндаеро?
Ҳмз"

"Ман ҳам ҷавонам. 21-сола. Ҳанӯз хонадор нашудаам. Шояд ба назари калонсолон як нодону бесаводи дигаре бошам. Аммо дар дил ҳазору як умеду орзу дорам. Ин ки имрӯз ахлоқи ман ва ҳамовардонам коҳидааст, айби ману ҳамовардони ман нест. Ин ҳамаро калонсолон ба сари мо бор кардаанд. Вагарна, мо аз куҷо медонистем, ки коррупсияаш чисту дурӯғу тӯҳмату фиребаш чист? Онҳо ба мо сабақ медиҳанд, ки чи тавр кас ба коррупсия даст мезанад ва ӣ фиребу найранг мекунад. Калонсолони мо ошу нони шӯравиро хӯрдаанд. Аммо ҷавонони имрӯза пас аз ҷанги шаҳрвандӣ акнун дарёфтаанд, ки ҳақиқати зиндагӣ чист. Онҳо мутмаинанд, ки ояндаро месозанд ва хоҳанд сохт. Онҳо ҳам сиёсат, ҳам иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиятро мефаҳманд. Ин ки шуморе аз ҷавонон дар ғафлатанд, маънии онро надорад, ки ҳамаи онҳо яксонанд. Фақат ҳаёти ҷавононе ки дар Русия мардикорӣ мекунанд, дардовар аст. Ҷавонони мо ояндасоз ҳастанд! Фаромӯш накунед, ки мо ҳам ҳастем!
Дабири Кабир,
ноҳияи Ашт."
XS
SM
MD
LG