Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти тарроҳи ду таркиш дар Душанбе


Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтаанд, ки тарроҳ ва дастурдиҳандаи аслии таркишҳои 31 январ ва 13 июн дар назди вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи ин кишварро боздошт карданд, ки дар онҳо як нафар кушта ва чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шуда буданд.
Хабаргузории Итар Тасс аз қавли як мансабдори олирутбаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон навиштааст, феълан ҷустуҷуи иҷрокунандаҳои таркиш идома дорад. Ин манбаъ ба Итар Тасс гуфтааст, мақомоти интизомӣ, ҳадафҳои аслии тарроҳони таркишҳоро таҳқиқ мекунанд. Аммо ӯ гуфтааст, ин фарзияро, ки ҳадафи онҳо ноором кардани вазъ дар Тоҷикистон ва коштани тарсу ҳарос дар миёни мардум будааст, сарфи назар намекунад.
XS
SM
MD
LG