Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон барои оилаҳои фақири тоҷик орд мехарад


Дар чаҳорчӯбаи як тарҳи кӯмаки билоиваз давлати Ҷопон барои таъмини қишрҳои камбизоат ва осебпазири иҷтимоии Тоҷикистон 950 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Бино ба иттилои сафорати Ҷопон дар Душанбе, қарор аст, бо маблағи мазкур барои оилаҳои камбизоат ва фақири манотиқи дурафтодаи Тоҷикистон беш аз 2.350 тонна орд харидорӣ шавад. Ба гуфтаи ин манбаъ, кӯмаки пешбинишуда тавассути барномаи озуқаи Созмони Милал ва ӣ WFP барои афроди ниёзманд тавзеъ мегардад. Малоҳат Шабанова, масъули WFP дар Тоҷикистон гуфт, дар пайи ин иқдом садҳо нафар аз навоҳии дурафтодаи Тоҷикистон имкон меёбанд, аз кӯмакҳои башардӯстонаи давлати Ҷопон бархӯрдор гарданд. Ҷопон яке аз кишварҳои умдаест, ки фаъолияти барномаи озуқаи Созмони Милалро ба таври назаррас ҳимояти молӣ менамояд. Тибқи омори расмӣ, ин кишвар дар соли 2004 барои иҷрои барномаҳои ғизоии СММ 136 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст. Аз ин 6 миллиону 143 ҳазор доллар барои Тоҷикистон масраф шудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG