Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳолии Душанбе босуръат меафзояд


Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе аз афзоиши қонуншиканӣ дар сабти ном ва қайди расмии ҳаққи иқомати атбоъи хориҷӣ ва бахусус шаҳрвандони Афғонистон дар пойтахти кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи ахири ҳукумати пойтахт, ки масоил ва мушкилоти сохтмони бинои истиқоматӣ ва таъмини аҳолии пойтахт бо манзилро баррасӣ мекард, гуфт, ҳоло бештар аз дусад ҳазор нафар дар Душанбе бидуни қайд ва сабти ном ба сар мебарад. Ҷаноби Убайдуллоев аз маъмурони интизомӣ ва амниятии пойтахт, ки назорат ва масъулияти қайди ҳаққи иқоматро ба ӯҳда доранд, тақозо кардааст, то дар таҳия ва таъйиди асноди издивоҷи атбоъи хориҷӣ, ки ба ин васила онҳо имкони ҳаққи шаҳрвандии кишварро ба даст меоваранд, таҳқиқ кунанд.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе гуфт, ба манзури ҳалли мушкили таъмини манзил ва таҳқиқи масоили вобаста бо сабт ва қайди атбоъи хориҷӣ дар пойтахт аз шумори афроди зисалоҳ комиссия ташкил шудааст. Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе гуфт, ки Муҳаммадсаид Убайдуллоев пешниҳоди иддае аз масъулини пойтахтро ҷиҳати ба иҷро даровардани маҳдудиятҳо дар сабти ном ва қайд барои хориҷиён ва шаҳрвандони манотиқи дигари кишвар рад кардааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, шаҳрдори пойтахт аз мавҷудияти маҳдудиятҳои қонунӣ барои дарёфти ҳаққи иқомат дар шаҳрҳои бузургро ёдовар шуда вале ҳамзамон таъкид кардааст, ки хоҳиши бастани дарвозаҳои пойтахтро надорад ва аз сӯи дигар меъёрҳои ҳуқуқии мавҷуд дар кишвар низ чунин имкониятро намедиҳанд. Ҳукумати пойтахт дар паи тасвиби як санади ҳуқуқӣ аз соли 2001 қайди ҳаққи иқомат ва сабти номро барои шаҳрвандони Афғонистон дар пойтахти кишвар мамнӯъ карда буд.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG