Пайвандҳои дастрасӣ

Назорат шадид шуд, вале фасод коҳиш ёфт?


Таваҷҷӯҳи теъдоди аъзами довталабонро донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, донишгоҳи тиббӣ ва техникӣ ҷалб кардааст. Имтиҳонҳо дар аксари донишгоҳҳо ба шакли тестӣ ва иншои санҷишӣ сурат мегирад. Бархи дигари муасисаҳои таълимӣ имтиҳонҳоро ба таври шифоҳӣ баргузор мекунанд. Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ ду даври имтиҳони қабулро пешбинӣ кардааст, яке тестӣ, дигаре навиштани иншо. Абдусалим Муҳаммадмуродов, муовини котиби масъули имтиҳонҳои қабули донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ гуфт, саволномаи тестӣ аз 40 савол иборат буда барои ҳалли он довталаб аз 2 то 3 соат вақт доштааст.

«Ба довталабон варақаи санҷишӣ дода мешавад, ки аз 3 қисм иборат аст. Барои ихтисосҳои умури бонк, умури гумрук, андоз ва андозбандиву менеҷмент 20 саволи математикӣ, 10 савол аз забони англисӣ ва 5 саволи дигар аз таърихи Тоҷикистон ва забону адабиёт пешниҳод мешавад. ҳар як савол панҷ намуди ҷавоб дорад. Аз ҷониби комиссияи қабул рамз пешниҳод мешавад. Ба устодон танҳо ҳамон рамзро медиҳанд ва касе намефаҳмад, ки кори иҷро шуда моли кӣ аст.»

Довталабоне, ки соҳиби 45 хол шудаанд, баҳои қаноатбахш яъне 3 мегиранд ва онҳое, ки 67 хол доранд ба баҳои аъло сазовор мешаванд. Бо мақсади он ки маъракаи имтиҳони қабул шаффоф ва бидуни қонуншиканӣ гузаронида шавад, вазорати маорифи Тоҷикистон, комиссияи 30 нафараеро созмон додааст, ки рафти имтиҳонсупориро назорат мекунанд. Фарҳод Раҳимов мегӯяд, то имрӯз дар рафти имтиҳонсупорӣ қонуншикание рух надодааст. Ҳамчунин, тағйирӣ билети имтиҳонот ҳам ғайри имкон будааст, чунки комиссия билетҳои имтиҳонро танҳо пеш аз шурӯъи он тасдиқ мекардааст.

«Намояндагони мо дар тамоми донишгоҳҳо ҳастанд, ҳамроҳ бо комиссияҳои имтиҳони қабули донишгоҳҳо рафти имтиҳонҳоро назорат мекунанд. Кӯшиш мекунем, ки ба беадолатӣ роҳ дода нашавад. Он нафароне, ки дониши хуб доранд ва мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм кардаанд, донишҷӯ хоҳанд шуд.
Намояндагони мо аз субҳ то охири имтиҳон ҳамроҳи имтиҳонсупорандагон ҳастанд ва ҳар арзу шикояти онҳоро сари вақт мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.»


Вале қабл аз шурӯъи имтиҳоноти қабул, се ҳодисаи ришвахории устодон ошкор гардидааст, ки ҳоли ҳозир аз рӯйи ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

«Ин ҳодисаҳои пора гирифтан аз довталабон буд, ки бо роҳҳои гуногун ваъда додаанд, ки дар рафти имтиҳони қабул кӯмак хоҳанд кард. Аммо онҳо боздошт шуданд ва ҳоло кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ин парванда, кори ҷиноӣ оғоз кардааст.»

Фарҳод Раҳимов сатҳи дониши довталабонро чандон баланд арзёбӣ накард. Вазорати маорифи Тоҷикистон аз соли нави хониш барномаҳои ҷадидеро пиёда мекардааст, ки тибқи он фаъолияти тамоми донишгоҳҳо, иштироки донишҷӯён, дасршикании устодон ва барномаи таълимӣ ҷиддӣ назорат мешавад. Ҳамзамон дар назар аст, низоми таълимро дар макотиби олӣ таъғир бидиҳанд, яъне, низоми кредии таҳсил қабул шавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG