Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳои сиёсатмадорони тоҷик ба ҷавонон


Таҳияи Ҳумоюни Шаҳриёр 12 май рӯзи ҷаҳонии ҷавонон аст. Маъмулан, нерӯи муҳаррики ҷомеа ҷавонон маҳсуб мегарданд. Мувофиқи омори расмӣ беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон зери сиву панҷ сол дорад ва сӣ дар сади тоҷикистониёнро ҷавонони аз 14 то 30-сола ташкил медиҳанд. Дар саросари кишвар шиорҳое аз қабили "Ҷавонон - ояндаи миллатанд" овезон аст. Саҳифаи интернетии радиои Озодӣ дар пешорӯи рӯзи ҷаҳонии ҷавонон ба чанд сиёсатмадор бо ду суол муроҷиат кард. Якум, шумо ба фаъолияти сиёсии ҷавонон баҳои чанд мегузоред ва дуюм, ба ҷавонони имрӯзи тоҷик чӣ намерасад?

Мӯсо Асозода, раҳбари дастгоҳи ҲХДТ:

1) - "Феълан, фаъолияти сиёсии ҷавонон дар он сатҳе, ки зарур аст, вуҷуд надорад. Ба он хотир, ки ҷавонон, фақат маҳдуд шудаанд дар атрофи як кумитаи ҷавонон ё ки иттиҳодияи ҷавонон ва таваҷҷӯҳи ҷавонон ба он равандҳое, ки дар ҷомеа мегузарад, он қадар хуб нест ва дар баъзе масоил ҳатто ташвишовар аст. Ба ин хотир, ман фақат баҳои СЕ мегузорам."

2) - "Ба ҷавонони имрӯзаи тоҷик он намерасад, ки онҳо интеллекти воқеъии худро истифода бурда наметавонанд. Истифода бурдан хоҳанд ҳам, шуури фарҳангии худашонро такмил додан намехоҳанд, яъне, омӯзиш кам аст, таваҷҷӯҳ кам аст ва аҳамияти ҷиддӣ ба воқеъаҳои ҳаррӯзаи ҷомеа дода намешавад."


Муҳиддин Кабирӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили порлумон:

1 - "Ман баҳои сеюним мегузорам. Доред ҳамин гуна баҳо? Хуб, ана СЕ. Баҳои баланд намегузорам ба ҷавонони имрӯзи кишвар ба хотири он ки дар онҳо ман ҷасорат ва худшиносиро намебинам. Албатта, омилҳои ин ҳам зиёд аст ва аз худи ҷавоон вобастагии зиёд надорад, ин таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ва дигар омилҳо аст. Вале дар ҳар сурат, ҷавононро ман аз равандҳои сиёсӣ дур мебинам."

2 - "Ба ҷавонон каме худшиносӣ намерасад ва ҷасорат. Ман ростӣ ҷавононро чандон гунаҳгор карданӣ ҳам нестам, зеро ҳар як насли ҷавон давоми наслҳои пешин аст ва ҳар чӣ қадаре насли калонсол як фазоро барои тарбияи ҷавонон ба вуҷуд меорад, ҷавон дар ҳамон фазо тарбия мегирад ва аз ҳамон вобаста аст, ки ӯ ҷасур мешавад ё тамаллуқкор. Мутаассифона, ҷавонони мо мехоҳанд ҳамеша дар сояи калонсолон бошанд. Масъулиятро ба дӯш гирифтан намехоҳанд ва ҳол он ки аксарияти аҳолии кишварро ташкил мекунанд. Камфаъолиятӣ ва беҷуръатии эшон ҳис мешавад."


Раҳматулло Зоийров, раиси ҲСДТ:

1 - "Як қисми ҷавонон аст, ки ба онҳо баҳои ду ё се бояд гузошт. Вале қисми дигар аст, ки онҳо масалан ба аҳзоб ва созмонҳо ворид шудаанд ба инҳо ҳеҷ набошад аз қаноатбахш болотар гузоштан лозим аст. Лекин агар дар умум гирем, фаъолияти сиёсии ҷавонони тоҷик ба баҳои СЕ меарзад. На танҳо ҷавонон, дигар қишри ҷомеа низ, ҳатто аъзои аҳзоби сиёсӣ. Аммо сеи ҷавонон бо ду сабаб аст. Якум, он ки ташаббускор нестанд ва дуюм, ин ки дониши пасти сиёсӣ доранд."

2 - "Ба ҷавонон дониши сиёсӣ намерасад. Ҳуқуқи худро надонистанашон ва барои ҳуқуқашон мубориза набурдани ҷавонон ин камбудии асосии ҷавонон аст. Ҷавонон бояд ҳуқуқи худро донанд ва барои риояи ҳуқуқи худ ва ҷомеа мубориза бурданро ёд бигиранд. Ҳамин вақт мавқеъи онҳо дар ҷомеа баланд меравад."


Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ:

1 - "Ҷавонони Тоҷикистон аз сиёсат дур ҳастанд ва сабаби ин сатҳи пасти зиндагии худи ҷавонон аст. Ду сабаби дигар, сатҳи пасти дониши умумӣ ва дониши сиёсии ҷавонон ва дар Тоҷикистон набудани расонаҳои мустақил ва озод аст. Ва ин се чиз ба тафаккури сиёсии ҷавоон таъсир мекунад. Ҳастанд, албатта ҷавононе, ки тафаккури хуби сиёсӣ доранд, вале онҳо хеле кам ҳастанд. Ва аммо дар маҷмӯъ, ман ба ин сатҳи тафаккури сиёсии ҷавонон баҳои СЕ мегузорам."

2 - "Ба ҷавонон шароити мусоид барои ташаккули тафаккури сиёсияшон намерасад. Ва ин шароити мусоид имкони таҳсил ва расонаҳои мустақили хабарӣ мебошад. Бисёри ҷавонони мо қудрате надоранд, ки он чанд ҳафтаномае ҳаст, онро харидорӣ карда тавонанд."


Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор

1 - "Ман фикр мекунам, ки ба фаъолияти сиёсии ҷавонони имрӯзи тоҷик баҳои СЕ мондан меарзад. Барои он ки онҳо ҳоло мавқеъашонро маълум накардаанд. Вале ин аксаран аз худи ҷавонон ҳам вобастагӣ надорад, балки аз онҳое бастагӣ дорад, ки бояд ҳамин гуна созмонҳоро пеш баранд ва роҳбарӣ кунанд. Се аслан баҳои миёна аст, на ин тараф ва на он тараф."

2 - "Мавқеъ. Мавқеъгири шахсӣ намерасад. Ман фикр мекунам, масоили зиёде ҳаст, ки бояд ҷавонон мавқеъи худро рӯшан кунанд. Имрӯз ҷомеа ба тозагиҳо ниёз дорад ва инро бояд ҷавонон кунанд, вале ман дар фаъолияти онҳо ҳамин чизро намебинам. Ин аз он сабаб аст, ки ҷавонон дар ин ҷомеа мавқеъи худро пайдо накардаанд. Бубинед, ки баъзе ҷавононро ба сатҳи роҳбарӣ бароварданд, вале онҳо шакли роҳбарии худашонро ба таври нав ба роҳ андохтанӣ нестанд."


Хонандагони азиз! Шумо чӣ посух медиҳед?
XS
SM
MD
LG