Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фархор" ва "Ваҳдат" дар як сатр


Натоиҷи тозатарин аз бозиҳои лигаи аввал чунин аст:

"Ориёно" (Душанбе) 6 - 2 "Ваҳдат" (Ваҳдат)
"Фархор" (Фархор) 7 - 1 "Меҳнат" (Колхозобод)
"Динамо" (Душанбе) 1 - 1 "Тоҷиктелеком" (Қӯрғонтеппа)

Ба ин тартиб, дастаҳои «Фархор» ва «Ваҳдат», ки 12 имтиёзӣ ба даст овардаанд, мувофиқи таносӯби тӯбҳо дар ҷадвали мусобиқа мутаносибан ҷойҳои якуму дуввумро ишғол мекунанд. Тимҳои «Тоҷиктелеком» ва «Динамо» бо 10 имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севвуму чаҳорум қарор гирифтаанд.

Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси федератсияи футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, давраи аввали мусобиқа дар арафаи анҷомёбист ва дар айни ҳол чаҳор дастаи пешсафи ҷадвали мусобиқа муддаиёни мақоми аввал мебошанд. Ва аммо ҷаноби Муҳаммадҷонов аз он изҳори таассуф кард, ки дар мусобиқаи имсола аз вилояти Суғд ягон даста ширкат надорад.
XS
SM
MD
LG