Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мадади Банки Аврупо ба ширкати ҳавоии "Тоҷикистон"


Банки аврупоии бозсохт ва рушд эълон кард, ки ба Ширкати ҳавоии "Тоҷикистон" барои хариди ҳавопаймоҳои нав ва тармими бахше аз ҳавопаймоҳои мусофирбар, ки ҳоло истифода мешаванд, 5 миллион доллар вом медиҳад. Намояндаи банк дар Тоҷикистон Музаффар Усмонов ба радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, ба ин маблағ ҳавпаймоҳои наве харидорӣ харидорӣ шаванд, ки ба меъёрҳои аврупоӣ ҷавобгӯ бошанд. Ин қарз дар ҳоле дода мешавад, ки мӯҳлати кори аксари ҳавопаймоҳои ТУ-154-и ширкати "Тоҷикистон" дар соли оянда ба поён мерасад. Ширкат эълон накардааст, ки кадом навъ ҳавопаймоҳоро хоҳад харид, вале маълум гаштааст, ки аз ҷумла 1 ҳавопаймои Аэробуси тавлиди кишварҳои Аврупо ва 1 ҳавопаймои "Боинг"-и тавлиди Иёлоти Муттаҳида ба шакли иҷораи давомдор харидорӣ хоҳанд шуд. Ҳамчунин гуфта шудааст, барои иваз ва тармими ҳавопаймоҳои ширкат куллан 8 миллион доллар зарур аст. Тафовути дигари қарзи Банки аврупоии бозсохт ва рушд дар он аст, ки ширкати "Тоҷикистон" вомро мустақиман, бе иштирок ва ё тазмини давлати Тоҷикистон мегирад ва дар оянда худ онро бармегардонад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG