Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Искандаров мегӯяд, эътирофро аз ӯ бо шиканҷа гирифтаанд


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва собиқ сарвари идораи "Тоҷикгаз" дар ҷаласаи имрӯзи Додгоҳи Олӣ гуфт, эътирофи ӯ дар тафтиши парванда аз роҳи шиканҷа ва ситами муфаттишон ба даст омадааст. Вай ширкати худ ва афроди вафодор ба хешро дар ташкили ҳамла ба шӯъбаи умури дохила ва додситонии ноҳияи Тоҷикобод дар авохири тобистони соли гузашта рад кард. Искандаров аз додраси Додгоҳи Олӣ тақозо кард, ки бо муфаттишони додситонии кулл ва вазорати амният, ки дар раванди бозрасии ибтидоӣ ӯро ҳатто шабҳо мавриди истинтоқ ва шиканҷа қарор додаанд варо рӯбарӯ карда ва иттиҳоми терроризмро аз айбномаи ӯ хориҷ кунад.
Аъзам Бадриддинов -вакили мудофеи Искандаров, мегӯяд, ӯ зимни як номаи расмӣ ҳанӯз дар вақти тафтишоти қаблӣ додситони кулли кишварро аз муносиботи ғайрикасбии бозрасон огоҳ карда вале то ҳол ҳеҷ посухе ба номаи худ дарёфт накардааст.
Дар ҳамин ҳол Ҳизби демократи Тоҷикистон аз баргузории маҳфили 15-солагии таъсиси ҳизб худдорӣ кард ва мегӯяд, боздошту муҳокимаи Искандаров робитаҳои ҳизбро бо ҳукумат тира кардаанд.
Абдуқаюми Қаюмзод
XS
SM
MD
LG