Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз се ҷасад аз Русия


Танҳо дар як рӯзи сешанбеи даҳуми август тариқи ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади боз се мардикори тоҷик оварда шуд. Мирзоалӣ Қурбонов, корманди бахши умури дохилӣ оид ба нақлиёти Тоҷикистон гуфт, тариқи хатсайри ҳавопаймои Новосибирск-Хуҷанд ҷасади сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент Ёқубов оварда шуд. Ҷаноби Қурбонов гуфт, муҳоҷири корӣ Ёқубов дар Русия кушта шудааст, аммо ба чӣ иллат ва аз ҷониби кӣ, ҳанӯз маълум нест.

Ҳамзамон, ба иттилоъи мақомоти умури дохилӣ дар нақлиёти кишвар, тавассути хатсайри ҳавопаймои Екатеринбург-Душанбе ду тобути дигар бо ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон вориди кишвар гардид. Ҳамин манбаъ афзуд, Илҳом Саидбекови 31-сола сокини ноҳияи Восеъ буда, дар шаҳри Омски Русия мардикорӣ мекардааст ва бар асари мубталои бемории шадид реҳлат кардааст. Субҳиддин Мирзоев, сокини ноҳияи Ҷиргатол, ки 21 сол доштааст ва дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.

Масъулини мақомоти умури дохилӣ оид ба нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади 155 муҳоҷири кории тоҷик оварда шудааст. Шӯҳрат Наимов, нозири бахши тартиботи ҷамъиятии ин мақомот мегӯяд, беш аз 90 нафари онҳо аз 13 то 35 сол дошта, аксаран сокинони вилояти Хатлон будаанд.
XS
SM
MD
LG