Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқрори мақомоти Қазоқистон дар робита бо зукоми мурғ


Мақомоти давлати Қазоқистон аввалин бор кашфи бемории зукоми мурғро дар ҳудуди кишвари худ расман эътироф карданд. Онҳо гуфтанд, ин навъи мараз таҳти рамзи H5N1метавонад ба инсон сироят кунад ва марговар аст. Маркази пажӯҳишҳои кишоварзии Қазоқистон хабар дод, ки беморӣ дар наздикии марз бо Русия ба қайд гирифта шуд ва аз Сибири Русия ба ин ҷо ворид гаштааст. Мақомоти Қазоқистон интиқоли хӯроквориро аз Русия ба вилояти Павлодар қатъ намуда, чораҳои пешгирӣ аз сирояти бемориро ба кор андохтанд.
Тоҷикистон рӯзи душанбеи 8 август вуруди гӯшт ва тухми мурғро аз Русия ва Қазоқистон манъ кард. Ҳамчунин кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Гурҷистон, Қирғизистон, Украина ва Узбакистон аз ворид кардани ин маҳсулоти Русия ва Қазоқистон даст кашиданд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз эҳтимоли паҳн шудани беморӣ дар Русия изҳори ташвиш мекунад. Бемории зукоми мурғ, ки аз соли 2003-юм дубора дар ҷаҳон зуҳур кардааст, дар Чин ва кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқ камаш 60 нафарро ба ҳалокат расонд.
XS
SM
MD
LG