Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заврақрони беҳтарини Тоҷикистон кист?


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ, ки дар кӯли Комсомоли Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии варзишгарони шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба анҷом расид. Дар рақобатҳои инфиродӣ дар навъҳои мухталифи қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ ба масофаи 200, 500 ва 1000 метр заврақронони душанбегӣ Ринат Ахмедшин, Нодир Сафаров, Темур Лагутенко ва Абдурауф Одинаев, намояндагони вилояти Суғд Умед Зоҳидов, Равшан Турсунов ва Денис Судин натоиҷи назаррас ба даст оварда бо ҷоизаҳои мусобиқа қадрдонӣ шуданд.

Алиаҳмад Мӯсоев, муовини раиси федератсияи қаиқронии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мусобиқаи қаҳрамонии кишвар бо кӯмаки молиявии ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Ориёнварз» баргузор шуд. Вай афзуд, қаиқронӣ дар Тоҷикистон, ки таърихи бою рангин дорад, баъди таъсиси федератсия аз нав эҳё гаштааст. Ҷаноби Мӯсоев бар ин назар аст, ки дар сурати маблағгузории кофӣ барои рушди ин риштаи варзиш дар Тоҷикистон ба мисли заврақрони машҳур Иброҳим Ҳасанов ва шогирди ӯ - қаҳрамони бозиҳои олимпӣ ва ҷаҳон Юрий Лобанов ситораҳои варзиши тоҷик ба камол хоҳанд расид.
XS
SM
MD
LG